01:41 28 апрели 2017
Пахши мустақим
Рамазон Қодиров прездиенти Чеченистон. Акс аз бойгонӣ

Вокуниши Рамазон Қодиров оиди манъи ҳиҷобпӯшӣ дар Урупо

© Sputnik / Саид Царнаев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
40401

Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров қайд кард, ки "мардуми диндор асрҳо боз тартиби либоспӯширо нигоҳ медоранд, ин тартибот на имрӯзу дирӯз балки ҳазорон сол қабл пайдо шуд"

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифаи инстаграми худ, қарори Девони додгустарии Урупоро, оиди ҳуқуқи корфармоён барои манъи пӯшидани ҳамагуна намоди сиёсӣ, фалсафӣ ё динӣ аз ҷумла ҳиҷоб, шармандагӣ номид.

Қодиров дар саҳифаи худ навиштаст, "далелан сухан дар бораи эълони ҷанг зидди динҳо меравад. Онҳо фикр мекунанд, ки маҳдуд кардани озодиҳои динӣ ҷавононро аз роҳи дин дур мекунад. Ман бовар дорам, ки мусулмонони Урупо ба кӯшишҳои маҳдуд кардани озодиҳои диниашон қатъиян ҷавоби рад медиҳанд!".

Қодиров ҳамчунин қайд кард, "ки одамони диндор асрҳо боз тартиби либоспӯширо нигоҳ доштанд, ин тартибот на имрӯзу дирӯз балки ҳазорон сол қабл пайдо шудааст". Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки сиёсатмадорон ва кормандони ҷамъиятии Урупо фарҳанги ҷадиди бидуни дин, ахлоқ ва маънавиётро роҳандозӣ мекунанд.

Қодиров гуфт, ки Урупо мехоҳад тамоми ҷаҳонро ба худ монанд кунад.

Ӯ ҳамаро даъват кард, ки Олмони фашистиро ба хотир оранд, ки мардумро дар асоси миллаташон нест мекарданд. Қодиров мегӯяд, ки агар мусулмонони Урупо хомӯш бошанд, ҳеҷ кафолат нест, ки ин амал бар асоси дин, боз такрор нашавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Девони додгустарии Урупо ҳукм додааст ки корфармоён дар кишварҳои ҳамванди Иттиҳодияи Урупо ҳаққ доранд кормандонашонро аз "пӯшидани ҳаргуна намоди сиёсӣ, фалсафӣ ё динии ошкор", аз ҷумла ҳиҷоб, манъ кунанд.

Мавзуъ

Баҳси Рамзан Қодиров дар бораи ҳиҷоб: оё маориф дигар мушкилӣ надорад, ҷуз рӯймол?
Рамзан Қодиров дар филми ҳолливудӣ нақш бозид
Қодиров гуфт, омодаам барои Путин ҷон бидиҳам
Барчаспҳо:
дар Урупо, манъи ҳиҷобпӯшӣ, вокуниш, Рамазон Қодиров, Чеченистон

Мавзӯъҳои асосӣ