19:55 17 октябри 2017
Пахши мустақим
Кормандони амнияти Русия дар Санкт-Петербург

Кумитаи бозҷӯии Русия теруристи интиҳориро шиносоӣ кард

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург (15)
16101

Кумитаи бозҷӯии Русия як ҷавони қирғизро омили инфиҷор дар истгоҳи метрои “Сенная” дар шаҳри Санкт-Петербург донист

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Кумитаи бозҷӯии Русия иттилоъ дод, ки ҳувияти теруристи эҳтимолиро шиносоӣ кардааст.

Кумитаи бозҷӯӣ мушаххас карда, ки инфиҷор дар метрои Петербургро Акбарҷон Ҷалилов анҷом дода, ки 01.04.1995 дар Ҷумҳурии Қирғизистон зода шудааст.

Ҷурмшиносон нишонаҳои генетикии Ҷалиловро дар анбоне боз ёфтаанд, ки дар истгоҳи метрои "Площадь Восстания" ҷо монда шуда буд.

"Бозҷӯён бар асоси натоиҷи ташхиси генетикӣ ва наворҳои дурбинҳои мадорбаста метавонанд иддиъо кунанд, ки ҳамон касе, ки худро дар лн истгоҳ мунфаҷир карда, ин анбонро дар истгоҳи "Площадь Восстания" ҷо гузоштааст", — гуфта мешавад дар иттилоъияи КБР.

Додаҳои бозҷӯӣ далолат мекунанд ки Акбарҷон Ҷалилов дар инфиҷори метрои Петербург даст дорад ва мехоста як истгоҳи дигар — "Площадь Восстания"- ро низ тарконад.

Мавзуҳо:
Инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург (15)
Барчаспҳо:
террористи эҳтимолӣ, ҷавони қирғиз, инфиҷор, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ