05:43 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Эрон ҳасан Руҳонӣ, акс аз бойгонӣ

Натиҷаҳои аввалини интихоботи раисҷумҳури Эрон: Ҳасан Руҳонӣ пештоз аст

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3710

Натиҷаҳои нахустини интихоботи раисҷумҳури Эрон маълум шуд, ки дар он раисҷумҳури феълии кишвар Ҳасан Руҳонӣ пешсаф аст

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Алиасғар Аҳмад, раиси ситоди интихоботи Эрон натиҷаҳои аввалини интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кард.

Бино бар гузориши Sputnik Эрон натиҷаҳои аввалини интихобот дар ҷумҳурии исломӣ ба шарҳи зайл муайян шудаанд:

Ҳасан Рӯҳонӣ: 14619848 овоз

Иброҳим Раисӣ: 10125855 овоз

Мустафо Мирсалим: 297276 овоз

Мустафо Ҳошимӣ: 139331овоз

Ёдовар мешавем, ки ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросари Эрон ва берун аз 19-уми май дарашонро ба рӯи раъйдиҳандаҳо боз карданд.

Барои симати раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳор номзад мубориза доранд.

Онҳо раисҷумҳурии феълӣ Ҳасан Руҳонӣ, вазири пешини саноеъ Мустафо Ҳошимӣ, вазири пешини фарҳангу иршоди исломӣ Мустафо Мирсалим ва додситони пешини ҶИЭ Иброҳим Раисӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи Ҳасан Қашқовӣ, раиси ҳайъати назорат бар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии исломӣ дар хориҷ аз Эрон, ин давра аз интихобот дар 102 кишвар ва 310 шуъба баргузор мешавад.

Агар дар интихобот касе 50 дарсади раъйро ба даст наорад, ду рақиби аслӣ дар даври дувум, ки 26 май дар назар аст, рақобат хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
натиҷа, интихобот, интихобот дар ҶИЭ, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ