Владимир Путин ва Доналд Трамп 7-уми июл мулоқот мекунанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи 7 июл дар ҳошияи нишасти G20 мулоқот хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Владимир Путин ва Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти G20 дар Ҳамбург мулоқот хоҳанд кард.

Ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков иттилоъ дод, ки раҳбарони Русия ва Амрико 7-уми июл дар Ҳамбург мулоқот хоҳанд кард. 

Пештар ҳам дар Кохи Сафед ва ҳам Кремл таъйид карда буданд, ки нахустин мулоқоти сарони ду кишвар дар ҳошияи нишасти гурӯҳи G20 сурат хоҳад гирифт, ки 7 — 8 июл дар шаҳри Ҳамбург баргузор мешавад.

Чуноне, ки муовини вазири умури хориҷаи Русия Сергей Рябков гуфта буд, Маскав дар назар дорад, ки дар нахустин дидори раҳбарони Русия ва Амрико масоъили Укроин, Сурия, суботу амният дар ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯзро баррасӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0