05:44 21 августи 2017
Пахши мустақим
Бархурди қатора, акс аз бойгонӣ

Дар Миср дар пайи бархурди ду қатора 28 тан кушта ва 50 тан захмӣ шуданд

© Sputnik / Илья Питалев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Ҳодиса дар наздикии шаҳри Искандария рух додааст. Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон ва ёрии таъҷилӣ ҳозир шудаанд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар пайи бархурди ду қатора дар шаҳри Искандария дастикам 28 тан ҳалок шуданд ва 50 танд ҷароҳат бардоштанд.

Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ин ҳодисаи нохуш дар шаҳри Искандарияи Миср рух додааст.

Ба ҷойи рухдод ёрии таъҷилӣ ва наҷотдиҳандагон расиданд.Тавре дар гузориш қайд мешавад, яке аз қатораҳо аз ҷониби Қоҳира ва дигаре аз Порт-Саид ҳаракат мекардааст.

Ҷароҳатбардоштагон ба бемористонҳои наздиктарин интиқол ёфтаанд.

Барчаспҳо:
кушта, бархурд, қатора, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ