13:24 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Военнослужащий США в Афганистане, архивное фото

Коршинос: Амрико нерӯҳояшро аз Афғонистон берун намекашад

US Army / Staff Sgt. Shane Hamann
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Амрико ба ин зудиҳо Афғонистонро тарк нахоҳад кард, мегӯяд коршиноси умурии сиёсии Афғонистон Ахтаршоҳ Ҳамдард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост нерӯҳояшро аз Афғонистон берун кашад.

"Афғонистон барои Амрико мустамликае беш нест ва барномаҳои раҳбарии ИМА бозсозии Кумпонии Ҳинди шарқии Бритониёро ба ёд меоваранд", — гуфт сафири пешини Русия дар Афғонистон Замир Кобулов —мудири бахши Осиёии Вазорати умури хориҷаи Русия.

Оё Амрико омода аст нерӯҳояшр аз Афғонистон берун кашад? Кадом далоил Амрикоро водор карда, ки 16 сол дар ин кишвар бимонад, ҳарчанд дастоварде дар ин замон надоштааст?

Ин пурсишҳоро аз таҳлилгари сиёсии афғонистонӣ Ахтаршоҳ Ҳамдард пурсидем.

Вай бар ин назар аст, ки Амрико ба ин зудиҳо Афғонистонро тарк нахоҳад кард ва дар назар ҳам надорад онро тарк кунад, зеро пойгоҳҳои стротежике дар Афғонистон сохтааст.

"Пойгоҳҳои стротежик барои дарозмуддат сохта мешаванд. Ҳадс мезанам, ки Амрико барномарезӣ карда, ки барои даҳсолаҳо дар Афғонистон бимонад. Яке аз далиоилам ин аст, ки Амрико пули ҳангуфте барои пойгоҳсозӣ ҳазина кардааст. Дигар ҳам ин аст, ки Амрико аз Афғонистон барои ҳарифҳои асосиаш дар минтақа — Чин ва Русия — мушкилоте падид оварад. Севум масъала ин аст, ки Амрико Осиёи Марказиро минтақаи нуфузи Русия медонад ва мехоҳад таъсири Маскавро дар минтақа маҳдуд кунад".

Амрико барои Осиёи Марказӣ ҳам барномаҳои бузургеро тарроҳӣ карда ва мехоҳад ба баҳонаи барқарории демократия минтақаро таҳти таъсир қарор диҳад. Манобеъи нафту гози дарёи Хазар ҳам таваҷҷуҳи Амрикоро ба худ ҷалб карда ва Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд дар ин минтақа ҳоким бошанд. Ҳарҷое аз ҷаҳон, ки нафту гоз пайдо шуда, Амрико он ҷоро минтақаи манофеъи худ эълом мекунад.

Чунончи, Эрон ҳам дар минтақаи стротежики нафту гоз ҷой дорад, ки Амрикоро беқарор карда ва ба ҳар роҳе кӯшиш дорад Эронро таҳти нуфуз қарор бидиҳад. Аз ин дидгоҳ, беҳтарин роҳ барои наздик шудани Амрико ба Эрон Афғонистон аст. Бино ба ин далоиле, ки бар шумурдам, гумон надорам, ки Амрико қасди хориҷ шудан аз Афғонистонро дошта бошад. Эҷоди сару садоҳо яке аз бозиҳои сиёсии Амрико аст.

Манобеъи табиъӣ ва ҷойгоҳи ҷуғрофиёии Афғонистон дар Осиёи Марказӣ далел шуд, ки Амрико ба ҳар роҳе ба ин кишвар ворид шавад ва бо бастани паймон бо ҳукумати дастнишондааш, ҳузурашро дар Афғонистон қонунӣ кунад. Аз ин рӯ, далиле барои ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дида намешавад.

Оё ҳазинаҳои гарони Афғонистон метавонанд омили хуруҷи нерӯҳои Амрико аз кишвар шаванд?

Амрико солона беш аз 600 милёрд дулор ҳазинаи низомӣ дорад, аз ин рӯ, ҳазинаи 20 — 25 милёрд дулор барои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон гарон намеуфтад. Ягона далиле, ки Амрикоро нигарон карда, талафоти ҷонии нерӯҳо дар Афғонистон аст, ки афзоишашон метавонад эътирозотеро дар кишвар падид оварад. Бино бар ин, раҳбарии Амрико дар дуроҳа қарор гирифтааст: аз як сӯ интиқоди ҷомеъаи маданӣ ва аз дигар сӯ — манофеъи кишвар дар минтақа матраҳ аст".

Бесуботӣ дар Афғонистон муттаҳидони Амрико дар минтақаро низ нигарон кардааст. Онҳо ҳамроҳ бо Амрико қасд доштанд ва доранд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бесуботӣ эҷод кунанд, аммо бехабар аз ин буданд, ки теруризм барои худашон ҳам мушкил хоҳад сохт.

Покистон сиёсати худро дар минтақа пайгирӣ мекунад, гарчи мегӯяд, ки муттаҳиди Амрикост. Покистон ва Эрон ҳадафи худро дар қиболи Афғонистон доранд, Чину Русияву Ҳинд дидгоҳҳои мухталиф нисбат ба Афғонистон доранд. Ин кишварҳо ҳама манофеъи худро дар Афғонистон доранд, ки аксаран мухолифи манофеъи Амрико ҳастанд. Натиҷа ин ки, Амрико Афғонистонро тарк намекунад ва Покистон ҳам чуноне ки Амрико ба он умед дошт, амал намекунад ва аҳдофи худро пеш мебарад.

Оё фаъол шудани "Толибон" ва ДОИШ дар Афғонистон метавонад Амрикоро водор ба хориҷ шудан аз ин кишвар кунад?

ДОИШ як тарҳи байналмилалӣ аз ҷумлаи сохтаҳои Инглистон, Исроил ва Амрикост. Қарор буд, ки ДОИШ аз Ироқу Сурия ба Осиёи Марказӣ ҳамла кунад, ки мебоист нахуст ба Эрону Афғонистон наздик шаванд. Дар пайванд бо ДОИШ ин нуктаро бояд афзуд, ки доишиҳо муташшакил аз сунниҳои муттаъассибу тундраве ҳастанд, ки қарор бул бо шиъаҳо рӯбарӯ шаванд то бошади ки низоми Эронро тағйир бидиҳанд, сипас ба Қафқозу Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нуфуз кунанд.

Ҳимояти Русия аз Сурия боиси шикасти ДОИШ дар он кишвар шуд, ки ҳамзамон нақшаҳои кишварҳои арабӣ ва Ғарбро бар ҳам зад то ин ки маҷбур шуданд аз барномаи ДОИШ, ки қаблан сохта буданд, мунсариф шаванд. ДОИШ дар Сурия оянда надорад ва ба ҳамин иллат ба Афғонистон мунтақил шудааст. Мардуми Афғонистон бо доишиҳо ҳеч ваҷҳи муштараке надоранд, аз ин рӯ, ДОИШ дар Афғонистон ҷойгоҳе нахоҳад дошт.

Амрикоиҳо барномаи таъмини сулҳу амнияти Афғонистонро надоранд. Ҷанг дар Афғонистон ба дарозо кашонда мешавад ва кишварҳои минтақа ҳам инро медонанд ва барои муқобила бо иқдомоти баъдии Амрико омода мешаванд.

Мавзуъ

Русия ба ИМА: хоки Афғонистонро тарк кунед
Оё Русия метавонад дар Афғонистон амалиёти низомӣ баргузор кунад?
Тоҷикистону Афғонистон шаҳрвандони зиндонияшонро аз якдигар бозпас мегиранд
Эрон барои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муъассисаи "Эрони Шарқӣ" бунёд кард
Латиф Пидром: Ҷанги Афғонистон ва чолишҳои Осиёи Марказӣ
Замир Кабулов: Стротежии Амрико дар Афғонистон ноком шуд
Барчаспҳо:
Толибон, ДОИШ, Афғонистон, Амрико, Вазорати умури хориҷаи Русия, Замир Кобулов, Осиёи Марказӣ, Русия-Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ