Фалокат дар иди Қурбон: вожгун шудани автобуси мактабӣ 11 кушта ва 35 захмӣ бар ҷой гузошт

© Пресс-служба МЧС России / Гузариш ба медиабонкДТП с участием автобуса с детьми в Ставропольском крае
ДТП с участием автобуса с детьми в Ставропольском крае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандаи автобуси донишомӯзон фармонро аз даст дода онро вожгун кардааст. Дар натиҷа мусофирони автобус - кӯдакон куштаву захмӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар иди Қурбон дар Эрон ҳодисаи нохуше рух дод. Дар паи вожгун шудани автобуси донишомӯзон 11 кас кушта ва 35 кас захмӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин автобус донишомӯзонро аз Ҳурмузгон барои ширкат дар озмуни фарзонагон ба Шероз мебурдааст. Дар нимароҳ ронанда фармони мусофирбарро аз даст дода ва он вожгун шудааст.

"Ронанда дар ҳолати ғайриқобили идораи нақлиёт — хоболуду хаста будааст, ки дар натиҷа аз уҳдаи идораи автобус бар наомада, аз пул сарнагун мешавад", — иттилоъ медиҳад Sputnik Эрон.

Дар натиҷа аз 45 мусофири ин автобус 11 донишомӯз ҷон бохта ва 35 каси захмӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0