00:31 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ

Пиразани 106 солаи афғонро аз Шветсия депорт мекунанд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Сабаби депортро созмони муҳоҷиратӣ созгор будани авзоъи Афғонистони кунунӣ гуфтааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ҳукумати Шветсия дархости пиразани 106 соларо барои дастрас кардани манзили зист рад кардааст.

Ба иттилоъи оҷонсии Ассошиэйтед Пресс ин зани 106 сола Бибихол Узбекӣ ном  дошта, ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба Шветсия омадааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ ҳанӯз соли 2015 ба сафар баромада тариқи роҳу дарё, ҷангалу саҳро ба ин ҷо расидааст. Ба гузориши манбаъ, ин зан ҳамроҳи писар ва набераҳояш пои пиёда ва бо қатора ба Шветсия омадааст.

Айни замон пиразани 106 сола дар деҳаи Ховаи ин кишвар ҳамроҳи 11 аъзои хонаводааш ба сар мебарад. Ӯ бо мушкилӣ сухан мегӯяду пас аз шудани ҷавоби рад аз ҷониби ҳукумати Шветсия, аҳволаш бадтар шудааст.

"Сабаби қбалуи чунин қарор авзоъи хуби кунунии Афғонистон шудааст", — менависад оҷонсӣ аз қавли раҳбари созмони дастёрии паноҳҷуён Санна Вестин.

Хешовандони пиразан ба маркази муҳоҷиратӣ шикоят бурдаанд.

Барчаспҳо:
депорт, Маркази муҳоҷиратӣ, Шветсия, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ