Мардум меҳрубон шудааст: ҶТ дар раддабандии саховатмандӣ 50-ум шуд

© Sputnik / Стас ЭвтешДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии хайру саховаматмандӣ дар миёни 153 кишвари дунё мақоми 50-умро гирифтааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар ин бора дар раддабандии ҷаҳонии хайру саховатмандии World Giving Index 2017 иттилоъ дода шудааст.

Соли гузашта Тоҷикистон дар ин рддабандӣ дар мақоми 87-ум қарор дошт.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондодҳои баландтаринро Убакистон дорвад. Ин икшвар дар зинаи —38 ҷой гирифтааст. Пасон Тоҷикистон — 50ум, Туркманистон — 69, Қирғизистон — 85 ва Қазоқистон — 87.

Пажуҳиш бо назардошти се нишондод- саҳм дар ташкилотҳои хайриявӣ, кор ба ҳайси волонтёр ва кӯмак ба ашхоси ношинос таҳия шудааст.

Соли чорум мешавад, ки дар мақоми аввали ин раддабандӣ Мянма меистад. Ҷои дуюми радданбадиро Индонезия ва Кения гирифтааст.

Ҳамчунин ба даҳгонаи саховатмандтарин кишварҳо ИМА, Зеландияи Нав, Шри-Ланка, Канада, Индонезия, Бритониё, Ирландия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ворид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0