Мактуби Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

© Foto / Aga Khan Development NetworkПринц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро бо ҷашни миллии Истиқлоли кишвар муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бино бар иттилои манбаъ, Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ дар мактуби худ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон муборакбод гуфтааст.

Манбаъ, матни пурраи мактубро мунташир накардаст, дар гузориши дафтари матбуот гуфта мешавад, дар қатори сарони дигар кишварҳо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пешвои исмоилиёни ҷаҳон низ шодбош гуфтааст.

"Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун — Абдуллоҳи II ибн ал Ҳусайн, Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа Бин Зойид Оли Наҳён, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳид Ҳоқон Аббосӣ, Президенти Украина — Пётр Порошенко, Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай — Рашид Олимов, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон —  Шоҳзода Карим-ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, Патриархи Москва ва кулли Русия Кирилл ва дигарон расиданд",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Имрӯз Тоҷикистон 26-солаги Истиқлолашро ҷашн мегирад.

Лентаи хабарҳо
0