Боздошти 60 мусулмони Петербург барои эътироз ба хотири Миёнмор

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСотрудник правоохранительных органов производит арест
Сотрудник правоохранительных органов производит арест - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар ҳукумати шаҳри Петербург барои баргузории эътироз иҷоза надода аз мусулмонон даъват кардааст, ки дар гирди мизи давр вазъи Миёнморро баррасӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Политсияи Петербуг беш аз 60 мусулмононеро, ки барои дастгирии мусулмонони Миёнмор дар Петербург ба эътироз баромада буданд, боздошт карданд.

Ба гузориши "Фонтанка", дар тазоҳуроти мусулмонони Петербург ба хотири дастгирии мардуми Миёнмор, беш аз 200 кас дар "Дворцовая площадь" ҷамъ шуд.

Ситуация у посольства Мьянмы в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Барои пароканда кардани мусулмонони эътирозгари Маскав, ОМОН омад

Пештар ҳукумати шаҳри Петербург барои баргузории эътироз иҷоза надода аз мусулмонон даъват карданд, ки дар гирди мизи давр вазъи Миёнморро баррасӣ кунанд.

Ба гуфти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, нафароне ки бо хоҳиши худ тазоҳуротро тарк накарданд, тафтиш карда мешаванд. Айни замон се автобус ба ҷониби шуъбаи политсия равон шуданд.

Наздики 30 кас ҳоло дар майдони тазоҳурот қарор доранд.

Ҳафтаи гузашта мусулмонони Маскав барои дастгирии мусалмонони қабилаи Роҳинҷа дар назди сафорати Миёнмори Маскав намоз гузошта ба эътироз баромаданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки амалиёти  артиши Мянма дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Ин амалиёт ба куштори чандин мардуми осоишта боис шуд. Гуфта шуд, ки беш аз 400 мусулмон дар ин амалиёт қатл шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалиёти Миёнморро қотеъона маҳкум кард.

Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон амалиёти Мянмаро "қатли оми мусулмонон" хонд.

"Онҳое, ки ба ин амалиёт чашм мепӯшанд ҳамдасти қатлкунандагон ҳастанд", — изҳор дошт Эрдуғон ҳангоми таҷлили Иди Қурбон.

Лентаи хабарҳо
0