00:29 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Хиллари Клинтон. Акс аз бойгонӣ

Клинтон сабаби президенти ИМА нашуданашро гуфт

© Фото: Пресс-служба президента Украины
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
27011

Собиқ котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон сабаби мағлубияташро дар интихоботи президентии соли 2016 гуфт

ДУШАНБЕ, 11 сен— Sputnik. Ба гузориши РИА Новости, сабаби аслии мағлубияти Хиллари Клинтон дар интихобот, истифодаи почтаи шахсиаш шудааст.

"Фикр мекунам, хатогии бузургтарине ки ман кардам, истифодаи почтаи шахсиам буд", — гуфт Клинтон дар мусоҳиба бо шабакаи CBS.

Дар баробари ин Клинтон қайд кард, ки масъулияти ин хатогиро бар дӯш намегирад. "Ман борҳо гуфтаам ва имрӯз ҳам мегӯям, ки ҷавобгарӣ бар гардани ман нест. Ин қазия дар фазои мусбӣ рух дод ва ман натавонистам аз он берун оям ва ин ҳич гоҳ тамом нашуд",-гуфт котиби пешини давлатии Амрико.

Қазия гирди паёмҳои шахсӣ ва давлатии Хиллари, ки солҳои 2009-2013 ӯ тариқи почтаи хусуӣ мебурд, ба амал омад. Ӯро дар пинҳонкунии маълумот айбдор карданд.

Дар паи бозҷӯӣ Клинтон наздики 30 ҳазор паёмҳояшро аз почтаи шахсӣ ба давлат супорид, вале ҳамин қадари дигарашро бо баҳонаи "шахсӣ" будан аз почтааш тоза кард.

Ҷеймс Коми раҳбари ФБР он замон изҳор дошта буд, ки барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ асос нест. Вале 11 рӯз пеш аз интихоботи президентӣ бозҷӯӣ бо сабаби пайдо шудани паёмҳои нав барқарор шуд. Ду рӯз пеш аз интихобот Коми изҳор дошт, ки далелҳои нав ба қарори пешинаи ФБР таъсире нарасониданд.

Мавзуъ

Баъди Обама: Осиёи Марказӣ бояд аз Клинтон ва Трамп интизори чӣ бошад
Барчаспҳо:
сабаби мағлубият, Хиллари Клинтон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ