01:12 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Зиндагии занон дар Ироқ

Ман бо хоҳиши худ омадам: зиндагии занони ҷангиёни ДОИШ дар Ироқ

© RussiaToday.
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
259 0 0

Ҳукумати Ироқ дар урдугоҳе дар ҷануби шаҳри Мосул ҳудуди 1400 зану фарзандони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" (ДОИШ)-ро нигоҳ медоранд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Аксари ин занон аз Туркия мебошанд. Вале чандин тани дигар аз Тоҷикистон, Русия ва Озарбойҷон аз қафои ҳамсаронашон ба ин ҷо омадаанд.

Гурӯҳи кории шабакаи RT (Россия сегодня) аз урдугоҳе дар Ироқ гузориш доданд.

Дар суҳбат бо муҷрӣ, қариб ҳамаи занон изҳор доштанд, ки намедонистанд ба куҷо мераванд ва ҳузурашон дар ин минтақа тасодуфӣ аст.

Онҳо умед доранд, ки касе барои тамос бо хонаводаҳояшон ба онҳо кӯмак мекунад.

"Аксари занон ҳамроҳи шавҳарҳояшон омаданд. Мо бо хоҳиши худ омадем, вале намедонистем ки дар ин ҷо ҷанг аст. Мо ин ҷо барои ҷанг наомадаем. Мо барои зиндагӣ ба ин ҷо омадем", — шарҳ дод яке аз сокинони ин урдугоҳ.

Нафаре, ки ба ин ҷо меафтад дигар аз урдугоҳ берун омадан наметавонад.

"Модарам омад, ки маро бибарад, вале ӯ ҳам ҳамин ҷо монд. Касе ки ба ДОИШ мепайвандаду ин ҷо меояд, онҳо ӯро раҳо намекунанд. Ба ёрии таъҷилӣ ниёз дошта бошад ҳам ", — гуфт зани дигаре.

Пештар яке аз масъулин гуфта буд, ки аксари занон ягон ҳуҷҷате надоранд.

"Мо оилаҳои ҷангиёнро ин ҷо нигоҳ медорем ва қарори ҳукуматро оиди сарнавишти онҳо интизор ҳастем. Мо бо онҳо хуб муносибат мекунем. Онҳо аъзои оилаи нафароне ҳастанд, ки мардуми бегуноҳро куштаанд. Вале дар паи пурсиш мо ба хулоса омадем, ки ҳамаи онҳо ба доми фиреб афтодаанд", — гуфт яке аз масъулини баландпоя.

Мавзуъ

Президент: нобудкунии Ҳалимов нуфузи ДОИШ-ро дар байни ҷавонон паст мекунад
ДОИШ масъулияти ҳамла ба масҷид дар Кобулро ба дӯш гирифт
Расонаҳо: ДОИШ марги Абубакр ал-Бағдодиро таъйид кард
Барчаспҳо:
зиндагии занон, Ироқ

Мавзӯъҳои асосӣ