08:49 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Вазъ дар Мосул, акс аз бойгонӣ

Урдугоҳи дигари тоҷикон дар Ироқ пайдо шуд

© Sputnik / Рафаэль Даминов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Дар урдугоҳе, ки дар қисми шимолии шаҳри Мосули Ироқ ҷой гирифтааст наздики 120 шаҳрванди Русия ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил буду бош мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар бораи лагери дигаре дар Ироқ маълумот пайдо шудааст, ки дар он тоҷикон буду бош мекунанд. Дар ин бора намояндаи раиси Чеченистон дар Шарқи наздик ва Африқои Шимолӣ  Зиёд Сабсабӣ иттилоъ додааст.

"Ба мо маълумот расид, ки дари шимолтари Мосул урдугоҳе аст, ки дар он шаҳвардони Русия ва кишварҳои ИДМ зиндагӣ мекунанд. Эҳтимол меравад шумораи онҳо таз 70 то 120 кас бошад",- гуфтааст намояндаи Чесенистон дар Ироқ.

Ба гуфтаи вай, маълумотҳо дар бораи шаҳрвандон ва кӯдакони кишварҳои дигар дар ҳудуди Ироқу Сурия ҳар рӯз иваз мешаванд.

"Ба мо ҳар рӯз маълумоти нав мерасад. Барои ҳамин мо онҳоро дақиқ мекунем",- афзудааст вай.

Зиёд Сабсабӣ қайд кардааст, ки дар урдугоҳ азарбойҷониҳо, тоҷикон, узбакон ва шаҳрвандони Русия ҳастанд.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки дар яке аз ятимхонаҳои Ироқ 5 духтарак ва писараке пайдо шуданд, ки ба забони русӣ ҳарф мезананд.

Хабарнигори Russia Today ба ин ятимхона рафта, аз аҳволи онҳо хабар гирифта буд. Пас аз он навор маълум, шуд, ки аз ин панҷ нафар якеашон зодаи Тоҷикистон аст.

Худи Марям гуфта буд, ки дар Миср таваллуд шудааст ва як додар ва хоҳар низ доштааст, ки онҳо ҳам дар Миср таваллуд шудаанд, аммо ҳамаи онҳо чанде пеш ба ҳалокат расидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, аз ҳама ниҳодҳои Тоҷикистон расман дархост кардааст, ки дар шиносоии ҳувият ва миллияти Марям ва хонаводааш ҳамкорӣ кунанд.

Баъдтар 4 кӯдаке, ки Russia Today аз ёфт шудани он хабар дода буд, ба Русия бар гардонида шуданд. Аммо аз маълум шудани ҳувият ва миллияти Марям аз ҷониби мақомотҳои Тоҷикистон хабаре нарасидааст. Эҳтимол меравад, Марям то ҳол дар ятимхонае дар Ироқ мемонад.

Барчаспҳо:
урдугоҳ, ҷанг, тоҷикон, Дар ҷаҳон, Мосул, Ироқ

Мавзӯъҳои асосӣ