08:50 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Париж

Париж пойтахти Бозиҳои олимпики соли 2024-ум эълон шуд

© Sputnik / Александра Масальцева
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Бозиҳои тобистонии Олимпики соли 2024 дар Париж ва соли 228 дар Лос Анҷелес баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Париж пойтахти Бозиҳои олимпики соли 2024-ум эълон шудааст, дар ин бора расонаҳои хориҷӣ иттилоъ додаанд.

 Бино бар иттилои манбаъ, Кумитаи байналмилалии Олимпик дар ҷаласаи охирин дар Лима ин хабарро эълом кардааст.

Ҳанӯз дар моҳи июли соли равон ин ду шаҳр пойтахтҳои бозиҳои тобистонии Олимпик дар солҳои 2024 ва 2028 интихоб шуда буданд, вале таъйид нашуда буд, ки мусобиқаи бонуфузи байналмиалӣ нахуст дар кадом шаҳр баргузор хоҳад шуд.

Довталабон бояд дар миёни худ дар ин маврид тавофуқ мекарданд. Рӯзи 31 июл Лос Анҷелес ба сурати расмӣ барои баргузории бозиҳо дар соли 2028 арза кард. Барои мезбонии ин мусобиқа дар солҳои 2024 ва 2028 шаҳрҳои урупоии Ҳамбург, Будапешт ва Рим низ талош карда буданд, вале онҳо шомили феҳристи поёнӣ нагардиданд.

Париж ва Лос Анҷелес дар таърих ду дафъаӣ ба бозиҳои Олимпик мезбонӣ кардаанд. Ин мусобиқа солҳои 1900 ва 1920 дар Париж ва солҳои 1932 ва 1984 дар Лос Анҷелес баргузор шудааст. Дар зимн, соли 2020 бозиҳои тобистонии Олимпик дар Токио баргузор хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
Бозиҳои олимпик, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ