Заминларза дар Мексика ҷони 140 касро рабуд

© AP / Miguel TovarЗемлетрясение в Мексике 20 сентября 2017
Землетрясение в Мексике 20 сентября 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Заминларза ба шиддати 7,1 дараҷа дар Мексика беш аз 140 тан кушта ҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Заминларза бо вақти маҳаллӣ дар соати 13.14 рух додааст. Ба иттилои хадамоти заминларзашиносии ИМО, маркази заминларза дар наздикиҳои шаҳри Атенсинго, дар иёлати Пуэбла, дар фосилаи ҳудуди 120 километр аз шаҳри Мехико дар умқи 51 метр буд.

Бино бар гузориши расонаҳо, дар натиҷаи заминларза даҳҳо манзилҳои мардум тахриб шудаанд. Фаъолияти фурудгоҳи Мехико низ муваққиф гардидааст.
Заминларза замоне рух дод, ки хадамоти наҷотдиҳии Мехико ба муносибати 32-умин солгарди заминларзаи бесобиқа, ки ҳудуди 10 ҳазор тан кушта ҷой гузошта буд, мубориза бо пайомадҳои офатҳои мушобеҳро машқу тамрин мекарданд.

Раисҷумҳури Мексика Энрике Пеня Нетро аз мардум дархост кардааст, ки дар кӯчаҳо ҷамъ нагарданд, то наҷотдиҳандагон умури худро бидуни мушкил анҷом диҳанд.
Мехико шаҳрест, ки ба заминларзаҳо одат кардааст. Вале ин такон хӯрдани шадиди замин, ки дар солгарди заминларзаи соли 1985 рух дод, яке аз шадидтарин заминларзаҳо буд, ки мардуми кишвар дар ёд доранд.

Гуфта мешавад, афзудани шумораи кушташудагон дар эҳтимол аст. Танҳо дар пойтахт дастикам 30 бино тахриб гардидаанд. Мардум ҳам ба наҷотдиҳандагон кӯмак мерасонанд, то аз биноҳои харобгашта одамони дармондаро наҷот диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0