22:30 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Садамаи мудҳиш дар вилояти Владимири Русия

Ҳавопаймои Узбакистон ҷасади қурбониёнро аз Владимир интиқол медиҳад

ГУВД по Владимирской области
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
190 0 0

Бо қарори ҳукумати Узбакистон ба вилояти Владимири Русия барои кумак ба зихмишудагон ва интиқоли ҷасади ҳалокшудагон ҳавопаймо сафар шуд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сафири Узбакистон дар Русия Баҳром Ашрафхонов рӯзи ҷумъа ба ҷои садамае, ки ҷони 18 шаҳрванди Узбакистонро гирифт, ба вилояти Владимир рафт.

"Бо мақсади муайян кардани шахситяи қурбониёни садама ва кӯмак ба захмишудагон дар вилояти Владимир гурӯҳе намояндагони сафорати Узбакистон дар Русия бо раҳбарии Баҳром Ашрафхонов равон шуданд", — омадааст дар хабарнома.

ВУХ Узбакистон хабар медиҳад, ки тибқи қарори ҳукумат аз Узбакистон ба вилояти Владимир ҳавопаймо равон шуд.

"Шахсияти фавтидагон дар садамаи вилояти Владимир муайян мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи садама камо беш 18 кас ҷон бохт.

Ба гузориши РИА Новости, бархе аз мусофирон ҳангоми бархӯрди автобус бо қатора аз овози доду фиғон бедор шудаву аз нақлиёт фаромаданд, то автобусро тела диҳанд. Дар натиҷаи садама 18 кас ҷон бохта 34 нафар ҷон ба саломат бурд.

Бино ба иттилоъи губернатори вилояти Владимир, Рита Шляхова автобус бо рақамҳои қазоқистонӣ дар роҳ аз мошинҳои истода пеш гузашта ба қатора бар хӯрдааст. Ронанда дар ранги сурхи чароғак ба роҳи қатора гузашта ба садама уфтод.

"Дар дохили автобус шаҳрандони Узбакистон буданд. 34 кас аз мусофирон аз автобус баромаданд, то онро тела дода аз роҳи қатор бароранд. Онҳо зинда монданд. Мусофироне, ки дар дохили автобус буданд ҷон бохтанд.

Тибқи маъмулот 18 шаҳрванди Узбакистон дар ин садама ҷон бохт.

Ба ҷои ҳодиса намояндагони Вазорати нақлиёти Русия ҳозир шудааст. Мардуми зиндамондаро дар шаҳри Покров ҷой додаанд.

Мавзуъ

Навори садамаи мудҳиш дар вилояти Владимир: аз автобус чӣ боқӣ монд?
Ҳалокати 18 шаҳрванди Узбакистон дар садама дар Русия
Барчаспҳо:
интиқоли ҷасади ҳалокшудагон, Владимир

Мавзӯъҳои асосӣ