23:41 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Авиабаза, архивное фото

Нерӯҳои ҳавоии Русия дар Сурия як бунгоҳи фармондеҳии ДОИШ-ро нобуд карданд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Гурӯҳи теруристии "Давлати теруристӣ" дар паи ҳамлаҳои Нерӯҳои ҳавоии Русия дар вилояти Дайр уз-Зур як бунгоҳи фармондеҳӣ ва се гурӯҳ аз ҷангҷӯёнашро аз даст дод

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоии Русия як бунгоҳи фармондеҳӣ ва се гурӯҳ аз ҷангиёни ДОИШ-ро дар вилояти Дайр уз-Зур дар шарқи Сурия нобуд кардаанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифоъи Русия сарлашкар Игор Конашенков хабар дод.

"Дар вилояти Дайр уз-Зур як бунгоҳи фармондеҳӣ ҳамроҳ бо 34 ҷангҷӯ нобуд шуд. Ин ҷангҷӯён аз қаламрави Ироқ ба ёрии ҳамдастонашон расида буданд", — тавзеҳ дод сарлашкар Конашенков.

Дар ин ҳамалаҳои ҳавоӣ ҳамчунин 5 худрави муҷаҳҳаз ба силоҳҳои дурзан ва 2 худрави бумбгузоришуда низ нобуд карда шудаанд.

Чанд рӯз пеш низ Нерӯҳои ҳавоии Русия дар ноҳияи Абукомил бунгоҳи фармондеҳии ДОИШ-ро ҳамроҳ бо 40 ҷангҷӯ ва 7 худрав нобуд карда буданд. Дар миёни онҳо ҷангҷӯёне аз Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолии Русия низ буданд.

Дар 10 рӯзи гузашта гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" без аш 400 ҷангҷӯ, 5 бунгоҳи фармондеҳӣ, 11 пойгоҳ, 8 танк, 5 тӯпхона, 33 худрави ҷангафзордор ва беш аз 15 анбори ҷангафзорашро дар Сурия аз даст додааст.

Аммо нерӯҳои ҳавоии Русия низ имрӯз як фарванд ҳавопаймои ҷангандаи Су-24-ро аз даст доданд.

Ба иттилоъи Вазорати дифоъ, ин ҷанганда ҳангоми бархостан аз пойгоҳии низомии Хмеймим дучори осеб ва сарнагун шуд. халабони ҳавопаймо натавонист зуд аз хориҷ шавад ва кушта шуд.

Мавзуъ

Толибон: ҳаргиз бо ДОИШ ҳамсӯ намешавем
Сурия Амрикоро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо ДОИШ кард
ДОИШ дар Сурия 7 фармондеҳу беш аз 300 ҷангҷӯяшро аз даст дод
ДОИШ масъулияти тирандозӣ дар Лас-Вегасро бар уҳда гирифт
Ҳамсари як ҷангҷӯи тоҷики ДОИШ бо 5 кӯдак дар Ироқ дар мондааст
Муҳиддин Фахриддинов ба ҷурми ҳамдастӣ ба ДОИШ маҳбусӣ шуд
Барчаспҳо:
Хмеймим, ДОИШ, сарнагунии ҷангандаи Су-24, Вазорати дифоъи Русия, Игор Конашенков, Русия-Сурия-ДОИШ

Мавзӯъҳои асосӣ