23:42 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Заседание совета высокого уровня министров внутренних дел государств-участников СНГ

Узбакистону Туркманистон мехоҳанд ҳамкорияшонро бо ИДМ густардатар кунанд

© Фото: Пресс-служба президента Таджикистана
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Узбакистон ва Туркманистон хостори густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил шуданд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар нишасти Шурои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки имрӯз дар Сочӣ баргузор шуд, Узбакистон ва Туркманистон омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби ИДМ таъйид карданд.

"Наметавонам хушнудиямро аз гуфтаҳои вазирони умури хориҷии Узбакистону Туркманистон бозгӯ накунам, ки омодагии худро барои фаъолтар кардани ширкат дар кору куниши ИДМ эълом кардаанд", — гуфт раиси Кумитаи иҷроии ИДМ Сергей Лебедев имрӯз пас аз анҷоми он нишаст.

Вай афзуд, ки Узбакистон ва Туркманистон акнун бештар аз пеш дар кори шурои иқтисодии ИДМ ширкату мушорикат хоҳанд кард. Туркманистон ҳамчунин эълом карда, ки омода аст барои соли 2018 ҳамроҳ бо Тоҷикистон ва Русия раиси даврии ИДМ шавад.

"Дар соли оянда Тоҷикистон дар ИДМ раёсат хоҳад кард ва Русия ва Туркманистон муовинҳояш хоҳанд буд. Ширкаткунандагон дар нишасти имрӯз аз ин тасмим ва омодагии кишварҳо барои густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби ИДМ гарм истиқбол карданд", — афзуд Лебедев.

Дар нишасти Шурои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви ИДМ роҳу чораҳои мубориза бо теруризм ва ҳамкорӣ дар заминаи низомӣ низ баррасӣ шуд. Дар ин бора чанд санад ҳам тасвиб шуд, ки барои баррасӣ ва тасвиб ба Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд пешниҳод карда хоҳанд шуд.

Нишасти Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд 10 — 12 октябр дар Сочӣ баргузор мешавад. Дар чорчӯби он сарони кишварҳо дидору гуфтугӯҳои дуҷониба ва чандҷониба анҷом хоҳанд дод. Аз ҷумла, 10 октябр дар ҳошияи ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дидору гуфтугӯ карданд.    

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидору гуфтугӯ доранд
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти Сарони кишварҳои ҳамсуд ба Сочӣ рафт
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидор мекунанд
Барчаспҳо:
Сочӣ, кишварҳои ҳамсуд, нишасти Шурои вазирони умури хориҷии ИДМ, Сергей Лебедев, Русия-Тоҷикистон-ИДМ

Мавзӯъҳои асосӣ