23:41 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ

Эрдуғонро дар нишасти матбуотӣ бо Порошенко хоб бурд

© Sputnik / Сергей Гунеев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
67320

Дар шабакаҳои интернетӣ наворе мунташир шуда, ки дар он раисҷумҳури Туркияро хоб мебарад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро дар нишасти матбуотӣ ҳамроҳи раисҷумҳури Укроин Пётр Порошенко хоб бурд.

Дар саҳифаи Twitter Sputnik Туркия наворе мунташир шуда, ки аз он хуб аён аст, чигуна чашмони раисҷумҳури Туркия чанд бор ҳангоми суханронии Порошенко пӯшида мешаваду ӯ хамёза мекашад. Порошенко аз аҳволи ҳамкораш пай бурда болои миз тақ-тақ мекунад.

Дар ин дидор Пётр Порошенко бо раисҷумҳури Туркия ҳамкорҳоро барои мубориза бо созмони Фатҳуллоҳ Гулен баррасӣ кардаанд.

Ҷонибҳо дар ин дидор нақшаи ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни Укроин ва Туркия барои солҳои 2017-2019 имзо карданд.

Пештар хабар дода шуд, ки Туркия барои мубориза бо Фатҳуллоҳ Гулен ва "Давлати исломӣ" донишгоҳи ҷадиди исломӣ таъсис медиҳад.

Қарор шудааст, ки таълим дар ин донишгоҳ аз равиши тадрис дар Ал-Азҳар ва Донишгоҳи исломии Мадина комилан мутафовит бошад.

"Донишгоҳи ҷадиди исломӣ дар шаҳри Истамбул бунёд мешавад. Дар он дар баробари омӯзиши забони арабӣ ҳамчунин дарсҳои сира, ҳадис ва фиқҳ омӯзонида мешавад", — омадааст дар иттилоъия.

Дар ин донишгоҳ омӯзиш бо се забон — арабӣ, туркӣ ва инглисӣ хоҳад буд. Барои тадрис дар ин донишгоҳи байналмилалӣ устодону диншиносон ҷалб карда хоҳанд шуд.

Яке аз ҳадафҳои аслии ин донишгоҳ "мубориза бо "Давлати исломӣ", дастаи Фатҳуллоҳ Гулен ва "Боко Ҳаром" эълом шудааст.

Барчаспҳо:
хоб бурд, Раҷаб Тайиб Урдуғон, Петр Порошенко, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ