20:19 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Ҷорҷ Веа-раисҷумҳури нави Либерия

Ҳамлагари "Милан" раисҷумҳури Либерия шуд

© AFP/ ISSOUF SANOGO
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
152 0 0

Ҳамлагари пешини "Милан", "Пари Се-Жермен" ва мунтахаби Либерия, дорандаи "Тӯби тиллоӣ" дар соли 1995 дар раъйпуосии умумихалқӣ ба симати раисҷумҳурӣ пешсаф аст

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба Франс Пресс хабар дода меафзод, ки Ҷорҷ Веа дар ин симат Элен Ҷонсон-Серлиф, дорандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2011-ро иваз намуд, ки ду давра шашсолӣ президент интихоб гардида буд.

Интихоботи раисҷумҳурӣ рӯзи сешанбе баргузор шудааст. Рӯзи панҷшанбе расонаҳои ҷаҳонӣ иттилоъ доданд, ки Ҷорҷ Веаи 51-сола раисҷумҳур интихоб шудааст.

Вале чанде пас ин хабар тасдиқ нашуд.

Бино ба шумориши пешакӣ, Веа натиҷаи беҳтаринро аз байни 20 номзад дар даври аввал гирифтааст. Дар баробари ин хабар дода мешавад, ки футболбоз дар 11 шаҳристони (Лидерия аз 15 шаҳристон иборат аст-шарҳ аз идора) кишвар пирӯзӣ ба даст овардааст.

Тибқи қонуни аслии Либерия агар нафаре аз номзадҳо дар даври аввали раъйпурсӣ 50 дарсади овозро нагирад, интихоботи дуюмӣ байни ду номзади пешсаф гузаронида мешавад.

Ҳамин тавр даври дуюми раъйпурсии умумихалқӣ дар Либерия рӯзи 7 ноябр баргузор мешавад.

Ҷорҷ Веа аз соли 1985 то 2003 дар майдони футбол ҳамчун ҳамлавар ва яке аз беҳтарин бозигарони африқоӣ дар бошгоҳҳои машҳури ҷаҳон аз қабили "Монако", "ПСЖ", "Милан", "Челси", "Манчестер Сити" ва "Марсел" ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ соли 1995 беҳтарин футболбози ҷаҳон ва 3 маротиба беҳтарин футболбози Африқо эътироф шуда, аз соли 2003 баъди анҷоми бозии касбӣ дар футбол ба сиёсат гузаштааст. Интихоботи президентӣ дар Либерия сешанбеи 10 октябр доир гашта натиҷаҳои ниҳоии он 12 октябр эълон шуд.

Барчаспҳо:
раисҷумҳурӣ, раъйпурсӣ, Ҷорҷ Веа, Либерия

Мавзӯъҳои асосӣ