Шоҳзода Карим Оқохон ҷоизаи "Дастовардҳо дар зиндагӣ"-ро дарёфт кард

Обуна шудан
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Анҷумани осиёии "Asia Game Changer Awards" ҷоизаи "Дастовардҳо дар зиндагӣ"-ро дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Имоми исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ 1 ноябр дар шаҳри Ню-Йорк аз Анҷумани осиёии "Asia Game Changer Awards" ҷоизаи "Дастовардҳо дар зиндагӣ"-ро дарёфт кард, гузориш додааст Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN).

Ин дувумин ҷоизае аст, ки шоҳзода Карим Оқохон дар як моҳи гузашта дарёфт мекунад.

Чанде пеш Созмони милали муттаҳид ҷоизаи "Global Leadership Award"-ро ба шоҳзода Карим Оқохон барои саҳми бузургаш дар умури хайрияву барномаҳои башардӯстона ва беҳбуди зиндагии мардумон тақдим кард.

Ин ҷоизаро дар маросиме, ки 18 октябр дар Ню-Йорк баргузор шуд, дабири кулли пешини СММ Куфӣ Ато Аънон ба раҳбари исмолиёни ҷаҳон тақдим кард.

Шоҳзода Оқохон дар ин маросим дар суханронии кӯтоҳ аз ҷумла гуфта буд, ки "дарёфти чунин ҷоизае барояш шарафу ифтихори бузург аст". "Дар ин толор бисёре аз нафаронеро мебинам, ки дар роҳандозии ислоҳот дар бисёре аз арсаҳои ҳаёт пешгом буданд ва ман воқеъан аз ҳузур дар назди онҳо шармсорам", — гуфта буд вай.

Дар ҳошияи он маросим шоҳзода Оқохон бо дабири кулли СММ Антониу Гуттериш низ дидор карда буд.

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии мусулмонони шиъаи имомии исмоилии ҷаҳон аст, ки ҷамоаташон дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор касро дар бар мегирад. Ин ҷоиза ба подоши барномаҳои башардӯстонае ба бунёдгузори Шабакаи тавсеъаи Оқохон тақдим шуда, ки дар 60 соли имоматаш бар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон анҷом додааст.

Шабакаи тавсеъаи Оқохон гурӯҳе аз созмонҳои ғайримазҳабӣ, байналмилалӣ ва хусусӣ аст, ки дар заминаи беҳбуди фурсатҳо ва беҳзистии мардумон дар манотиқе аз ҷаҳони тавсеъаёбанда фаъолият мекунад. Созмонҳои ин Шабака хешкориҳои гуногуне аз беҳдошту омӯзишу парвариш гирифта то меъморӣ, тавсеъаи рустоӣ ва тарвиҷи сармоягузории бахши хусусӣ доранд. Ин созмонҳо дар ростои ҳадафе муштарак ҳамкорӣ мекунанд, ки он поярезии бунгоҳҳо ва барномаҳоест, ки бояд пайгирона посухгӯи чолишҳои тағйироти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ҷаҳон бошанд.

Лентаи хабарҳо
0