13:06 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп

Трамп: теруристи узбакро ба дор кашеду гринкортро лағв кунед!

REUTERS/Joshua Roberts
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
300 0 0

Пас аз он ки як зодаи Узбакистон дар Ню-Йорк ҳамлаи терорусти ба амал овард, раисҷумҳури Амрико Доналд Трапм гуфтааст, муҷозоти теруристон ташдид шавад

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Пас аз ҳамлаи теруристӣ дар Ню-Йорк раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп гуфт,  муҷозоти теруристонро дар Амрико ташдид мекунаду гузаронидани  лотереяи гринкортро лағв мекунад.

Вай ваъда додааст, ки минбаъд ҷавобгарии ҷиноятиро нисбати касоне, ки даст ба ҳамлаҳои терурситӣ мезанад, ташдид мекунанд. Трамп пешниҳод кард, ки террурсти узбакро ба дор кашанду бахтозмоии гринкортро лағв кунанд.

Эъдоми терурурист

Ба гуфтаи раисҷумҳур, Амрико бояд муҷозоти теруристонро ташдид кунад.

"Мо бояд чунин муҷозоте шадидтар ва тундтар аз оне, ки ҳоло ин ҳайвонҳо мегиранд, муқаррар кунем. Муҷозоте, ки акнун дорем, хандаовар аст",- гуфтааст Трамп.

​Ин амаламонро бояд аз зодаи Узбакистон сар кунем, ки ба наздикӣ дар Ню Йорк ҳамлаи терруристӣ анҷом дод.

"Ӯро бояд маҳкум ба эъдом кард",- навиштааст вай дар саҳифаи Twitter.

Бас аст, Гринкортбозӣ!

Илова бар ин Трамп гуфтаст, ки мехоҳад бахтозмоии гринкортро (Green Card) лағв кунад. Зеро ҳамлагари Ню-Йорк дар соли 2010 маҳз ба воситаи ин бахтозмоӣ аз Узбакистон ба Амрико рафта будааст.

Трамп гуфтааст, аз рӯи ин масъала бо вакилон ҳамкорӣ  хоҳад кард.

"Ман аз ин рӯз сар карда, ба ҷараёни лағви Грин корт сар мекунам. Ман ин корро барвақт анҷом додан мехостам. Мо ба вакилон супориш медиҳем, ки аз болои ин масъала корашонро сар кунанд",- гуфтааст Трамп.

​Трамп ҳамчунин гуфтааст, ки гумонбаршавандаи ҳамлаи теруристӣ ба Ню-Йорк 23 каси дигарро овардааст. Маҳз ба виситаи Гринкорт наздикони терурист ба Амрико сафар карда будаанд.

Грин корт ё United States Permanent Resident Card — гувоҳномаест, ки ба воситаи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар Амрико иқомат кунанд. Ҳамчунин ба воситаи Грин Корт шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд якчанд имкониятҳоро дарёфт кунанд, ки яке аз он таъмин шудан бо ҷойи кор мебошад.

Ёдоварӣ мекунем, 1-уми ноябри соли равон дар яке аз шаҳрҳои бузургтарини Амрико Ню-Йорк як зодаи Узбакистон ҳамлаи терористӣ анҷом дод. Дар натиҷа 8 тан кушта ва 23 тан ҷароҳат бардоштанд. Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки ин ҳамлаи терористиро Сайфулло ном як зодаи Узбакистон амалӣ кардааст.

Барчаспҳо:
гринкорт, ҳамлаи теруристӣ, Доналд Трамп, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ