01:56 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Дональд Трамп, акс аз бойгонӣ

Трамп мехоҳад бо Ким Чен Ин дӯст шавад

© Flickr/ Gage Skidmore
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
16910

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки мехоҳад бо раҳбари Куреи Шимолӣ Кин Чен Ин дӯст шавад

ДУШАНБЕ, 12 ноя- Sputnik.  Ӯ изҳори боварӣ кард, ки шояд замоне ин кор ба ӯ даст диҳад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости хабар медиҳад.

"Чаро Ким Чен Ин маро "солхӯрда"-гуфта таҳқир кард, дар ҳоле, ки ман ӯро "хурд ва фарбеҳ" нагуфттам. Ман кӯшиш мекунам, ки бо ӯ дӯст шавам. Шояд замоне ин кор ба ман даст диҳад", навиштааст Трамп дар саҳифаи Twitter-и худ.Why would Kim Jong-un insult me by calling me "old," when I would NEVER call him "short and fat?" Oh well, I try so hard to be his friend — and maybe someday that will happen!

Пештар раҳбарони Амрико ва Куреи Шимолӣ аз саҳнаи СММ ҳамдигарро таҳқир карда буданд. Ҳамгоми суханронӣ дар Ассамблеяи генералии СММ Трамп Ким Чен Инро "одам мушак" гуфт, ки дар роҳи худкушӣ афтодаст.

Раҳбари амрикоиҳо гуфта буд, ки агар Куреи Шимолӣ барои ИМА хатаре ба бор орад, нобуд хоҳад шуд.

Ким Чен Ин дар навбати худ суханони Доналд Трампро "девонагӣ" унвон кард ва худи Трампро "солхӯрда" гуфту ваъда дод, ки нисбати ӯ чораҳои шадидтаринро ба кор хоҳад гирифт.   

Мавзуъ

Ҷавоби Трамп ба вазири Куриё: Ким Чен Ин ба наздикӣ "нобуд" мешавад
Бародари Ким Чен Инро ду зан бо сӯзанҳои заҳролуд куштанд
Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ мехоҳанд Ким Чен Инро ба ҳалокат расонанд
Барчаспҳо:
хостори дӯстӣ, Доналд Трамп, Ким Чен Ин, Куреи Шимолӣ, Ветнам, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ