20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Производители Barbie представили свою первую куклу в хиджабе

Barbie мусулмон шуд

© AP/ Evan Agostini
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Ширкати амрикоии "Mannel" нахустин арӯсаки ҳиҷобпӯши "Barbie"-ро тавлид кардааст, ки пешнамун ё моделаш шамшербози номдори амрикоӣ Ибтиҳоҷ Муҳаммад аст

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ширкати "Mannel" ин арӯсаки Barbie-ро монанд ба шамшербози номдори амрикоӣ Ибтиҳоҷ Муҳаммад тавлид карда ва он ҳиҷоб бар тану шамшере дар даст дорад.

"Мо бисёр хушнудем, ки Ибтиҳоҷ Муҳаммадро бо арӯсаки бемонанди Barbie арҷгузорӣ кунем! Ибтиҳоҷ дар саросари ҷаҳон занону духтаронро илҳом мебахшад, ки монеъаҳоро бишкананд", — гуфтааст ин ширкат дар паёме дар Twitter.

Ин Barbie, ки монанд ба Итбиҳоҷ Муҳаммад сохта шуда, шамшере дар даст ва ҳиҷобе монанд ба пӯшоки шамшербозии ӯ ба тан дорад. Ин арӯсак соли 2018 ба бозор бароварда хоҳад шуд.

"Бисёр шоду сарфарозам аз ин ки акнун духтаракон бо арӯсаки ҳиҷобпӯши Barbie низ бозӣ хоҳанд кард. Орзӯе, ки аз кӯдакӣ доштам, бароварда шуд", — гуфтааст Ибтиҳоҷ дар паёме дар Twitter.

Ибтиҳоҷ Муҳаммад нахустин зани мусулмонест, ки барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рақобатҳои байналмилалӣ шамшербозӣ мекунад.

Вай дар рақобатҳои саросарии Амрико дар соли 2011 ду медоли тилло ба даст оварда буд ва ҳамон сол дар қаҳрамонии ҷаҳон севум шуд. Дар солҳои 2012 ва 2013 низ медолҳои биринҷии қаҳрамонии шамшербозии ҷаҳонро ба гардан овехт.

Ибтиҳоҷ дар соли 2014 қаҳрамони шамшербозии ҷаҳон шуд. Вай нахустин варзишкори амрикоӣ буд, ки дар Бозиҳои олимпики 2016 дар Рио-де Жанейро ҳиҷобпғш шамҳербозӣ кардааст. Дар ин рақобатҳо низ вай медоли биринҷӣ ба даст оварда буд.     

Ибтиҳоҷ Муҳаммад мегӯяд, ки ҳиҷобаш муборизает бо боварҳои ғалат дар бораи занони мусулмон ва даъватест аз духтарони мусулмон барои варзиш кардан.

Мавзуъ

Barbie ҳиҷоб пӯшид
Барчаспҳо:
Barbie, Ибтиҳоҷ Муҳаммад

Мавзӯъҳои асосӣ