23:49 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Выступление М. Махмадаминова постоянного представителя Республики Таджикистан на заседании ООН

Намояндаи Тоҷикистон дар СММ аз вазъи Афғонистон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ гуфт

© Фото: МИД РТ
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони милали муттаҳид дар нишасти Маҷмаъи Умумии СММ аз вазъ дар Афғонистон сухан гуфт

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар нишасти Маҷмаъи Умумии СММ дар масоили Афғонистонро ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ин нишаст мавқеъи Тоҷикистон дар мавзуъи вазъи имрӯзаи Афғонистон ва эҳёи иқтисодиву иҷтимоии онро тавзеҳ додааст.

"Намояндаи доимӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва кумак ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон мебошад", — гуфта мешавад дар ин иттилоъия.

Чанде пеш Намояндаи доимии ҶТ дар СММ дар Ҳамандешии сатҳи баланд дар мавзуъи "Ҳамбастагии ҷаҳонии энержӣ: пешбурди ҳадафҳои рушди устувор" низ суханронӣ карда буд.

Ин Ҳамандешӣ бо ибтикори Дафтари масоили иқтисодиву иҷтимоъии СММ (UN DESA) 1 ноябр баргузор шуда буд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов яке аз бахшҳои ин ҳамандеширо раёсат карда буд ва аз тавону зарфиятҳои энергетикии Тоҷикистон ва аҳамияти рушди ин санъат ба ширкаткунандагон гузориш дода буд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Маҳмадамин Маҳмадаминов нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар даврони истиқлоли кишвар ва 25 соли узвият дар Созмони милали муттаҳид ба чунин мақоми баланд дар ниҳодҳои асосии СММ мансуб шуда буд.

Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони милали муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов муъовини раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоъии СММ (ECOSOC) барои иҷлоси соли 2018 интихоб шуда буд.

Мавзуъ

Раисии Маҳмадаминов дар яке аз бахшҳои Ҳамандешии СММ
Маҳмадаминов барфу борони Тоҷикистонро бо Брайан муҳокима кард
Барчаспҳо:
Афғонистон, СММ, Маҳмадамин Маҳмадаминов, Тоҷикистон-СММ-Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ