23:50 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Оперный певец Дмитрий Хворостовский, архивное фото

Дмитрий Хворостовский - овозхони номдори опера дар гузашт

© Sputnik / Нина Зотина
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Дмитрий Хворостовский дар 56-солагӣ пас аз бемории саратон вафот кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Русия, оперсарои ҷаҳонӣ Дмитрий Хворостовский дар 56-умин соли ҳаёташ, пас аз бемории дурудароз дар Ландан дар гузашт.

Дар ин бора овозхон Дмитрий Маликов ба РИА Новости хабар додааст.

"Яке аз дӯстони наздики Хворостовский, ки то вопасин лаҳзаи умраш дар канораш буд — Лилия Виноградова бароям паём навишт, ки риштаи умри Дмитрий имрӯз бомдод, соати 03:36 канда шуд", — гуфтааст Маликов.

Дмитрий Хворостовский солҳо аз бемории саратон ранҷ мекашид. Ин ҳунарпеша чанд соли ахир дар Инглистон зиндагӣ мекард.

Дмитрий Хворостовский 16-уми октябри соли равон 55-умин солгарди зодрӯзашро ҷашн гирифта буд.

Оперный певец Дмитрий Хворостовский, архивное фото
© Sputnik / Евгения Новоженина
Оперный певец Дмитрий Хворостовский, архивное фото
Барчаспҳо:
опера, даргузашт, Дмитрий Хворостовский, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ