23:49 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото

Руҳонӣ: Эрон омода аст дар мубориза бо теруризм ба дигар кишварҳо кумак кунад

© Sputnik / Алексей Никольский
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар нишасти сарони кишварҳои Русия, Эрон ва Туркия дар Сочӣ гуфт, буҳрон дар Сурия аз ибтидо бо дахолати мустақими хориҷӣ ҳамроҳ буд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Буҳрони Сурия аз ибтидо бо дахолати мустақими хориҷӣ, аз ҷумла аз тариқи истиқрор, таҷҳиз ва таслиҳу ҳимояти ҳамаҷониба аз ҷангталабоне ҳамроҳ буд, ки сипас баданаи ДОИШ ва Ҷабҳату-н-Нусратро ташкил дода ва дар ҷиҳати ошаши теруризму ифротгароӣ дар он дамиданд ва ҳамин худ ба муҳимтарин омили тулонӣ шудани буҳрон табдил шуд, — гуфт Ҳасан Рӯҳонӣ дар оғози ин нишаст.

"Хушбахтона, акнун дар шароите ҳастем, ки пояҳои ДОИШ фурӯ рехта ва бақияи гурӯҳҳои теруристӣ низ дар сарошебии фурӯпошӣ қарор гирифтаанд", — афзуд вай.

Вай дар бахше дигар аз суханронии худ гуфт, "Эрон пеш аз ин ҳам дар Афғонистону Ироқ ҳарчи дар тавон дошт, барои таъмини амнияту бозсозии ин ду кишвар ва мубориза бо теруризм анҷом дода ва дар ин кор бо намояндагони қонунӣ ва давлатҳои ин кишварҳо ҳамкорӣ кардааст".

"Мо дар мубориза бо теруризми байналмилалӣ ҷиддӣ ҳастем ва омодаем дар сурати дархости дигар кишварҳои минтақа ба онҳо низ дар ин масир кумак кунем", — афзуд Ҳасан Руҳонӣ.

Нишасти сарони кишварҳои Русия, Эрон ва Туркия ҳамакнун дар шаҳри Сочӣ ҷараён дорад.

Мавзуъ

Путин нақши сарони кишварҳои Эрон ва Туркия дар ҳалли буҳрони Сурияро сутуд
Барчаспҳо:
ДОИШ, мубориза бо теруризм, Ҳасан Руҳонӣ, Эрон-Русия-Сурия-Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ