23:50 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Рамазон Қодиров, акс аз бойгонӣ

Қодиров ҳамлагарони масҷидро "сагҳои ҷаҳаннам" гуфт

© Sputnik / Сергей Узаков
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Роҳбари Чиченистон гуфт, дар ҷумҳурӣ муҷозоти терористон сангинтар хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Роҳбари Чиченистон Рамазон Қодиров пас аз ҳамлаи хунин ба масҷиди нимҷазираи Сино дар Миср, ки 235 тан аз мардуми осоишта қурбони он шуданд, гуфт бояд мубориза бо тероризм ташдид шавад, то ин гуна ҳодисаҳоро пешгирӣ кард.

"Дар ин ҳамлаи хунин намозгузорон кушта шуданд. Ин рухдод  аз номардӣ ва тарсончакии терористон дарак медиҳад, ки мардуми осоиштаро ҳангоми намозгузорӣ куштаанд. Ин амалро танҳо ҳамон нафароне карда метавонанд, ки заррае ҳам имон надоранд. Чунин кирдор нобахшиданист",- навиштааст Қодиров дар саҳифаи Инстаграм.

Вай ҳамлагарони маҷидро "сагони ҷаҳаннам" унвон кард.

Ҳамчунин роҳбари Чиченистон таъкид кард, ки дар ҷумҳурӣ мубориза бо тероризм ташдид мешавад. Муҷозоти терористонро сангин мекунем, гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Миср барқияи таслият ирсол кард амали терористонро қатъиян маҳкум кард.

Раисҷумҳур гуфт, "мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум менамоем ва бар онем, ки воқеияти имрӯза муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштараку беамон бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ тақозо менамояд".

Барчаспҳо:
муҷозот, куштор, масҷид, ҳамлаи хунин, терорист, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ