23:49 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Аун Сан Су Чжи, архивное фото

Нишони ифтихории Оксфордро аз як сиёсатмадори Миёнмор бозпас мегиранд

© AP/ Thein Zaw
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
19710

Су Чӣ, ки пештар барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ низ шудааст, соли 1997 ба иллати пешбурди арзишҳои мавриди назари Оксфорд дар заминаи мудоро ва тасоҳул, нишони ифтихории озодии шаҳри Оксфордро касб карда буд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Нишони ифтихории Оксфордро аз сиёсатмадори Миёнмор Аунг Сан Су Чӣ бозпас мегиранд.

Дар баёнияе, ки аз ҷониби Мари Кларксон, раиси Шӯрои шаҳри Оксфорд мунташир шуд, омадааст: "Мо маҷбур шудем, тасмими бесобиқае бигирем ва болотарин нишони ифтихори шаҳри Оксфордро, ки пештар Аунг Сан Су Чӣ эҳдо карда будем, ба иллати беэътиноии ӯ ба саркуби ақаллияти мусулмонони Роҳингия дар Мянмар ва талош накардан барои таваққуфи ин раванд, аз вай пас бигирем".

Су Чӣ, ки пештар барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ низ шудааст, соли 1997 ба иллати пешбурди арзишҳои мавриди назари Оксфорд дар заминаи мудоро ва тасоҳул, нишони ифтихории озодии шаҳри Оксфордро касб карда буд.

Тасмими Шӯрои шаҳри Оксфорд дар бозпас гирифтани ин нишони ифтихорӣ аз Су Чӣ дар ҷаласаи Душанбе шаб ба иттифоқи оро ба тасвиб расид.

Барчаспҳо:
бозпас гирифтан, нишони ифтихорӣ, Аунг Сан Су Чӣ, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ