05:35 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Пожарные тушат огонь, архивное фото

Дар Чин бар асари сӯхтор 6 нафар ба ҳалокат расиданд

CC0 / Pixabay
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
22 0 0

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳодисаи мазкур соати 4-и субҳи рӯзи ҷумъа дар бинои 38-ошёнаи ноҳияи Хэси шаҳри Тянтсзин рух додааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik.Дар шаҳри бандарии Тянтсзини ҶМЧ бар асари сӯхтор дар бинои баландошёна 6 нафар ба ҳалокат расида, 5 каси дигар маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳодисаи мазкур соати 4-и субҳи рӯзи ҷумъа дар бинои 38-ошёнаи ноҳияи Хэси шаҳри Тянтсзин рух додааст.

«То ин дам 11 нафарро дар бемористон бистарӣ намуданд, ки аз онҳо 6 нафарашон новобаста аз кӯшиши табибон ҳалок гардиданд", — гуфта мешавад дар изҳороти ҳукумати ноҳияи Хэси.

Сӯхтор хомӯш шуда, айни ҳол корҳои рафъи оқибатҳои ҳодисаи мазкур идома доранд. Сабабҳои сар задани оташ муайян шуда истодаанд.

Барчаспҳо:
ҳалокати одамон, сӯхтор, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ