05:34 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Саҳар Табар

Ҷарроҳии пластикӣ духтари эрониро Анҷелина Ҷолӣ нагардонд

© Instagram / sahartabar_afficilalll
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
30601

Расонаҳои эронӣ менависанд, ки ин духтар барои зебо шудан ва ба Анҷелина Ҷолӣ монанд будан "50 маротиба ҷарроҳии пластикӣ кардааст", вале худи ӯ ин хабарро рад мекунад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Аксҳои Саҳар Табар ҳафтаҳои охир вирди забони мардум гаштааст: намуди зоҳирии ин духтар таваҷҷӯҳи корбарони саҳифаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст.

Саҳар Табар чандин бор ҷарроҳии пластикӣ карда хеле лоғар шудааст. Бархе монандии ӯро ба Анҷелина Ҷолӣ таъйид мекунанд, вале қисми дигаре онро ҳаросангез медонанд. Дар суҳбат бо РИА Новости ин духтар нақл кард, ки оё дар ҳақиқат хоста ба Анҷелина Ҷолӣ монанд шавад.

-Дар аксҳое, ки дар саҳифаатон гузошта шудаанд, ба фикри корбарон шумо чун "арӯси мурда" менамоед. Дар ҳақиқат обрӯи шумо чун дар аксҳост?

— Албатта, не. Ин Photoshop и макияж аст. Ҳар боре, ки ман аксҳоямро паҳн мекунам, рӯямро хандаовар мегардонам. Ин як навъи ҳунар ва худмуаррифкунӣ аст. Мухлисони ман медонанд, ки ин рӯйи воқеъии ман нест.

-Расонаҳо мегӯянд, ки шумо қасд доштед ба Анҷелина Ҷолӣ монанд шавед. Ин дуруст аст?

— Дар воқеъ, на. Ман ҳатто фикре ҳам надоштам, ки ба Анҷелина Ҷолӣ монанд шавам. Ҳамчунине, ки намехостам ба қаҳрамони филми тасвирии "Ҷасади арӯс" монанд бошам. Акнун ман дарк мекунам, ки байни мо умумияте вуҷуд дорад, вале ба касе монанд шудан ҳадафи ман нест.

 

-Кадом аъзои бадантонро ҷарроҳии пластикӣ кардаед?

— Ман бинӣ ва лабонамро ҷарроҳӣ кардаму ҷарроҳии лоғаркуниро ҳам. Ман ҷарроҳиро хуш мепазирам: чунин навъи ҷарроҳӣ дар тамоми манотиқи ҷаҳон гузаронида мешаванд. Дар Теҳрон як ҷарроҳӣ 10 миллион риёли эронӣ (наздики 17 ҳазор рубл-шарҳ аз идора) нарх дорад.

-Мегӯянд, ки шумо бо кӯшиши том лоғар шудед, то 49 килу вазн дошта бошед?

— Бале ман лоғар шудам, ин дуруст аст. Вале ман на 40 ё 30 килу балки панҷ-ҳафт килу партофтам. Акнун ман 54 килу вазн дорам.

-Хонаводаатон ба ин тағйиротҳо чӣ гуна муносибат дорад? Эрон-давлати Исломӣ аст.

— Маъмулан, дар аввал онҳо то ҳадди имкон муқобилият нишон доданд. Барои онҳо ҷарроҳии пластикӣ дунёи дигар аст. Вале акнун, ки ман аллакай ҷарроҳӣ кардам, волидонам маро дастгиррӣ мекунанд. Ва ин муҳим аст.

 

-Мардуми кӯча ба шумо чӣ гуна вокуниш мекунанд?

— Мардум ба ман оромона муносибат мекунанд. Вақте маро мешиносанд, номамро баланд садо медиҳанд. Пасон ба назди ман меоянд, гуфтугӯ мекунанд, ба оғӯш мегиранд ва маро дастгирӣ мекунанд. Ҳеҷ гуна бадиеро эҳсос намекунам.

-Вале ҳафтаи охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуморо танқид мекунанд. Нигарон ҳастед?

— Барои ман муҳимтар аз ҳама розигии хонавода ва Худо аст. Ин розигӣ бароям бас аст. Андешаҳои дигарон маро нигарон намекунад. Ҳамаи бадиҳоро ман кӯшиш мекунам набинам.

Барчаспҳо:
ҷарроҳии пластикӣ, Саҳар Табар, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ