05:35 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Али Абдалла Салех бывший президент Йемена, архивное фото

Раисҷумҳури пешини Яман кушта шуд

© Sputnik/ Alexei Druzhinin
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
160 0 0

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман, имрӯз кушта шуд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Хабари кушта шудани раисҷумҳури пешини Яманро сухангӯи ҳусиҳо Яҳё ал-Маҳдӣ эълом кард.

Гуфта мешавад, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар худраве зиреҳӣ аз Санъо берун мерафта, ки кушта шудааст. Ҳамроҳ бо ӯ муовинаш Ориф Зуко ва Ёсир ал-Авозӣ, дабиркулли Ҳизби конгреи миллӣ низ ҷон бохтаанд.

Ҳануз дар бораи иллату чигунагии кушта шудани онҳо хабаре мунташир нашудааст.

Усома Сорӣ, рӯзноманигори яманӣ бо тайиди ин хабар гуфтааст, қарор буд, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз фирор ба Иморот мунтақил шавад.  

Манобеи хабарӣ ҳамчунин эълом карданд, манзили ӯ дар даргириҳои имрӯз дар Санъо оташ гирифтааст.

Пойтахти Яман дар рӯзҳои ахир шоҳиди даргириҳое миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман бо нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии вобаста ба ҷунбиши "Ансоруллоҳ" будааст. Ин даргирӣ дар Яман аз соли 2014 то кунун идома дорад.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз соли 1990 то соли 2012 раисҷумҳури Яман буд.

Мавзуъ

Боз 4 шаҳрванди ҶТ аз Ямани ҷангзада берун оварда шуданд
Боз як ҷашни арӯсӣ дар Яман бомборон шуд: 15 кас ба ҳалокат расид
Ҷашни арӯсӣ дар Яман: даҳҳо нафар кушта ва теъдоде захмӣ шуданд
ВҲФ Русия 118 шаҳрванди хориҷиро аз Яман берун овард

Мавзӯъҳои асосӣ