05:36 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ. Акс аз бойгонӣ

Писари раисҷумҳури кушташуда ваъда дод, ки қасд мегирад

© REUTERS/ Khaled Abdullah
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
296 0 0

Пас аз кушта шудани раисҷумҳури пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, писараш ваъда дод, ки хуни падараш барои гуноҳҳои Эрон оташи ҷаҳаннам хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Писари бузурги раисҷумҳури пешини Яман, Аҳмад Солеҳ ваъда дода, ки қасди падарашро хоҳад гирифт. Дар ин бора шабакаи Al-Arabiya хабар медиҳад.

Сухангӯи ҳусиҳо Яҳё ал-Маҳдӣ рӯзи душанбе хабари кушта шудани раисҷумҳури пешини Яманро эълом кард. Намояндаи қувваҳои мусаллаҳи Яман дар суҳбат бо РИА Новости гуфта, ки ҳусиҳо сафари раисҷумҳури пешини Яманро рӯзи шанбе пайгирӣ кардаву дар даи муноқиша ва тирпарронӣ ӯро куштаанд. Гуфта мешавад, ки ҳусиҳоро, ки бештари манотиқи кишварро дар таи дасти даст доранд, Эрон кӯмак мекунад.

"Ман то замоне, ки охирин намояндаи ҳусиҳо аз кишвар бадарға нашавад, мубориза мебарам", — изҳор дошт Аҳмад Солеҳ.

Писари раисҷумшури кушташуда гуфт, ки хуни падараш барои гуноҳҳои Эрон оташи ҷаҳаннам хоҳад шуд.

Пойтахти Яман дар рӯзҳои ахир шоҳиди даргириҳое миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман бо нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии вобаста ба ҷунбиши "Ансоруллоҳ" будааст. Ин даргирӣ дар Яман аз соли 2014 то кунун идома дорад.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз соли 1990 то соли 2012 раисҷумҳури Яман буд.

Барчаспҳо:
кушта шудан, қасд, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, Аҳмад Солеҳ, Яман

Мавзӯъҳои асосӣ