05:35 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Чрезвычайный и Полномочный Посол РТ в Австрийской Республике, Идибек Каландар, вручил верительные грамоты Федеральному Президенту АР, д-ру Александру Ван дер Беллену

Сафири нави Тоҷикистон дар Австрия расман корашро оғоз кард

© МИД РТ
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек устуворномаашро ба раисҷумҳур супурд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек 5 декбра устуворномаашро ба раисҷумҳур Александер Ван дер Беллен супурд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, сафир ва раисҷумҳур дар суҳбати кӯтоҳ омодагии ду кишварро барои таҳким ва густариши равобити судманд дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор карданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Қаландар Идибек 7 август бо фармони раисҷумҳур Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия таъйин шуда буд.

Вай 25 сентябр бо фармоне дигар ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкории Урупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена таъйин шуда буд.

Мавзуъ

Сафирони 15 кишвар устуворномаҳояшонро ба раисҷумҳури Тоҷикистон месупоранд
Раисҷумҳури Тоҷикистон устуворномаи сафирони панҷ кишварро дарёфт кард
Барчаспҳо:
устуворнома, Қаландар Идибек, Австрия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ