05:30 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Здание МИД РФ, архивное фото.

Вазорати умури хориҷии Русия: ҳамчунон Қудси Шарқиро пойтахти Фаластин медонем

© Sputnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
67 0 0

Вазорати умури хориҷаи Русия аз тасмими Трамп барои расман пойтахти Исроил шинохтани Байтулмуқаддас ва интиқоли сафорати Амрико ба ин шаҳр нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия бо интишори эъломияе аз тасмимгирии якҷонибаи раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп барои расман пойтахти Исроил шинохтани Уршалим нигаронӣ кард.

ВУХ Русия дар ин эъломия иқдоми раисҷумҳури Амрикоро маҳкум карда ва эълом намуда, ки ҳамчунон Қудси шарқиро пойтахти давлати Фаластин ва Қудси ғарбиро пойтахти давлати Исроил медонад.

Ин ниҳод таъкид кард, ки иқдоми Вашингтон ба музокироти сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиҳо латма ворид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Амрико дишаб дар суханронӣ дар Кохи Сафед эълом кард, Амрико расман Қудсро пойтахти Исроил мешиносад ва бедиранг сафораташро аз Тел-Авив ба ин шаҳр хоҳад бурд.

Мавзуъ

Тоҷикистону Фаластин ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш медиҳанд
Ҳимояти Аслов аз талошҳои раҳбарияти давлати Фаластин
Амрико истиқлолияти Фаластинро напазируфт
Барчаспҳо:
Уршалим, Байтулмуқаддас, Иерусалим, Қудс, ВУХ Русия, Исроил, Фаластин, Амрико, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ