12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Оғози сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Шоҳзода Алия

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)
11810

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ворид шуд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ намояндагони воломақоми ин кишвар пешвоз гирифтанд.

"Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳзода Алия, ки ба хотири ташрифи сарвари Тоҷикистон бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда буд, Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Шоҳигарии Ҳошимии Урдун самимона истиқбол гирифтанд", —омадааст дар хабарнома.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,акс аз бойгонӣ
© Фото: пресс-служба президента Таджикистана

Пештар хабар дода шуд, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

 

Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)
Барчаспҳо:
пешвози бошукӯҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Урдун

Мавзӯъҳои асосӣ