12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Гушту гузори Эмомалӣ Раҳмон дар Аммон

Гашту гузори Эмомалӣ Раҳмон дар Аммон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)
31121

Дар доираи сафари расмӣ дар Урдун Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид кард

ДУШАНБЕ, 11 дек— Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аммон Қалъаи Ситадел, Осорхонаи Урдун, маконҳои таърихии шаҳри қадимаи Петра, Баҳри мурда ва соҳили ғарбии руди Урдунро тамошо карданд.

Урдун дар байни кишварҳои арабӣ яке аз мамлакатҳои дорои таърихи бою қадима мебошад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба шаҳрҳои қадимаи он зиёд аст. Бештар диққати одамонро Қалъаи таърихии Ситадел, шаҳри қадимаи Петра бо тарҳи меъмории нодир дар руи санг ва нигораҳои арзишманди осорхонаи Урдун, инчунин мамнуъгоҳҳо ҷалб мекунад.

Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

Баҳри мурда дар масофаи 35 километр аз шаҳри Аммон ҷойгир буда, бо хусусиятҳои шифобахшиаш машҳур аст.

Қалъаи Ситадел ҳам яке аз ҷойҳои таърихию тамошобоб мебошад. Ситадел маънои девори қалъаро дорад. Ин ҷойро маркази Аммон ё дили шаҳр ҳам мегуянд. Дар қалъа вайронаҳои деворҳои қаср, боқимондаҳои маъбади Геркулес, калисои византия мутааллиқ ба асри 6, ҳудуди Ал Қаср мавҷуд аст. Дар Ал Қаср айни ҳол осорхонаи бозёфтҳои бостоншиносӣ фаъолият мекунад.

Дар домани қалъа амфитеатр ҷойгир аст, ки рамзи Урдун мебошад ва он аз 44 қатор бо 7000 ҷойи нишаст бунёд шуда буд.

  • Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
    Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
  • Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
    Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
  • Гушту гузори Эмомалӣ Раҳмон дар Аммон
    Гушту гузори Эмомалӣ Раҳмон дар Аммон
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
  • Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
    Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
1 / 4
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

Ғори Ал Каъф маъруф бо ғори асҳоби каъф дар қисми ҷанубии шаҳри Аммон ва шаҳри Петра — пойтахти қадимаи шоҳигарии Набатей низ, ки дар санг дар баландии 900 метр аз сатҳи баҳр беш аз 2 ҳазор сол пеш сохта шудааст, аз ҷойҳои таърихӣ ва машҳури Урдун мебошад.

Шаҳри Петра ба феҳристи иншоотҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба руйхати яке аз ҳафт муъҷизаи олам ворид гардидааст. Шаҳр яке аз мавзеъҳои нодири ин кишвар ба ҳисоб рафта, то имрӯз толорҳои қадима ва амфитеатр, маъбад ва манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаҳои шаҳри қадимро дар худ бегазанд нигоҳ доштааст.

Дар шаҳри Аммон ҳамчунин Осорхонаҳои анъанаҳои мардумии Урдун, мошинҳои шоҳӣ, тангаҳои қадима, осорхонаи ҳарбӣ бо яроқҳои гуногун, намоишгоҳ бо намунаи мусаввараҳои шарқӣ, қасри Омеядҳоро тамошо кардан мумкин аст.

Дар Осорхонаи Урдун дастовардҳои илму технология дар самти дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ ва зироаткорӣ мавқеи хоса дорад. Дар ин ҷо дастгоҳе намоиш дода шуд, ки дар шароити хушкӣ барои таъмини заминҳои зироаткорӣ бо об аз ҳаво об истеҳсол менамояд.

Пас аз анҷоми боздид аз Осорхонаи Урдун  Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр имзо гузоштанд.

Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)

Мавзуъ

Раҳмон дар Аммон: Тоҷикистон ва Урдун 11 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар кард
Тоҷикистон ва Урдун аз молиётситонии дучандон пешгирӣ хоҳанд кард
Барчаспҳо:
гашту гузор, Эмомалӣ Раҳмон, Урдун

Мавзӯъҳои асосӣ