10:53 18 январи 2018
Пахши мустақим
Чархболи МИ-24, акс аз бойгонӣ

Чархболи низомии Русия дар Сурия ба садама дучор шуд

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
120 0 0

Вазорати дифои Русия аз суқути чархболи ҳарбии кишвар дар Сурия хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар наздикии фурудгоҳи Ҳомаи Сурия чархболи низомии Русия МИ-24 ба садама дучор гардид.

Чархбол дар натиҷаи нишасти ноҷӯр суқут кардааст, ки дар пайи ин ду халабон ба ҳалокат расидаанд. Як тани дигар аз сарнишинони чархбол ҷароҳати вазнин бардошта, фавран ба бемористон интиқол дода шудааст.

Ин фоҷиа шаби 31-уми декабр рух дода, дар бораи ҳодиса пас аз се рӯз маълумоти муфассал пайдо шуд. Низомиёни Русия далели суқути чархболро сабабҳои техникӣ номиданд.

Барчаспҳо:
суқут, чархбол, вазорати дифоъ, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ