10:52 18 январи 2018
Пахши мустақим
Шамсиддин Орумбекзода. Акс аз бойгонӣ

Номаи директори Бунёди ҳамкории гуманитарии ИДМ ба Орумбекзода

© Sputnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
266 0 0

Директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ Иксанов ба вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода нома равон кардааст

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Ба унвони вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи мудири иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ А.Г. Иксанов номаи сипос расид.

Ба иттилоъи манбаъ дар матни нома А. Иксанов ба вазири фарҳанг барои мусоидат ба баргузории консерти тантанавии ҳунарпешаҳои тоҷик дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон изҳори миннатдорӣ менамояд. 

Дар нома зикр гардидааст, ки барномаи консертии санъаткорони тоҷик 21 декабри соли 2017 бахшида ба маросими пӯшидашавии барномаи "Ганҷа-маркази фарҳангии ИДМ дар соли 2017" дар сатҳи баланд доир гардид.

"Дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони тоҷик Зафар Абдуалимов ва Мадина Ақназарова маҳорати баланди иҷрокунандагӣ нишон дода, таваҷҷуҳи тамошобинони озарбойҷониро ба даст оварданд", — омадааст дар нома.   

Пештар хабар дода шуд, ки Мадина Ақназарова нахустин намоҳанги худро пешкаши ҳаводоронаш кард.

Барчаспҳо:
номаи сипос, Зафар Абдуалимов, Мадина Ақназарова, Шамсиддин Орумбекзода, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ