10:52 18 январи 2018
Пахши мустақим
Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳур ба феҳристи даҳ раҳбари таъсиргузор ворид шуд

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
18921

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, ба даҳгонаи раҳбароне ворид шудааст, ки имкони тағйир додани вазъи сиёсии кишвари худ ва минтақаву ҷаҳонро доранд

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Нашриёти бонуфузи Туркия феҳристи даҳ раҳбари таъсиргузори ҷаҳонро омода кардааст, ки миёни онҳо Шавкат Мирзиёев ҳам номбар шудааст.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Чуноне коршиносони Derin Ekonomi менависанд, Шавкат Мирзиёев ислоҳоти марбут ба озодии кулл, тақвияти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва озодии диниро мегузаронад.

Коршиносони ин нариёт бар онанд, ки тағйирот дар зиндагии сиёсию иҷтимоии Узбакистон даст медиҳад то ба кишвар сармоягузории хориҷӣ ҷалб шавад.

Ин нашрия яке аз қадамҳои муҳими Шавкат Мирзиёевро дар тӯли беш аз як соли раҳбарияш ба роҳ мондани муносибати хуб бо кишварҳо, бахусус, ҳамсояҳо донистааст. 

Мавзуъ

Ашкҳои раисҷумҳур аз дидор бо пиронсолони бемор
Барчаспҳо:
раҳбари таъсиргузор, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ