07:36 21 январи 2018
Пахши мустақим
Ҷангиёни ДОИШ, акс аз бойгонӣ

Муфтии ДОИШ дар Ироқ кушта шуд

© AFP 2018/ TAUSEEF MUSTAFA
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Муфтии ДОИШ дар амалиёти низомӣ дар ҷануби устони Киркуки Ироқ ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Хабаргузории "Парстудэй" дар истинод ба" Сумария Ниюз" хабар додааст, ки муфтии ДОИШ дар Ироқ кушта шудааст.

Ба нақл аз Сумария Ниюз, Алӣ Алҳусайнӣ, сухангуи нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ гуфтааст: Дар ин амалиёт, ки наздики яке аз рустоҳои шаҳристони Дақуқ дар ҷануби Киркук анҷом шуд, Абдулқодир Алъазӣ, муфтии ДОИШ дар Киркук бо се нафар аз ҳамроҳонаш ба ҳалокат расиданд.

Алҳусайнӣ афзуд: Нерӯҳои амниятӣ ва басиҷи мардумӣ ба таъқиби аносури ДОИШ дар Алҳувайҷа дар ҷануби ғарби Киркук ва атрофи он идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Рокон Алҷабурӣ, устондори Киркук дар дидор бо як мақоми норвегияӣ дар умури оворагон аз нобудии комили 116 русто дар Киркук ба дасти ДОИШ хабар дод ва гуфт: Манотиқи ҷанубӣ ва ғарбии Киркук шоҳиди бештарин вайронӣ дар Ироқ будааст, чун гурӯҳи террористии ДИИШ беш аз се сол ин манотиқро дар ишғоли худ дошт ва зерсохтҳои онро нобуд кард.

Агарчи созмон ва ташкилоти ДОИШ дар Ироқ ва Сурия нобуд шудааст, аммо аъзои ин гурӯҳи террористӣ ҳамчунон ба сурати пароканда ба иқдомоти террористӣ даст мезананд.

Барчаспҳо:
кушта шудан, муфтӣ, Ироқ, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ