Назарбоев ба Трамп: ман аз Шумо серфарзандтарам

© REUTERS \ Kevin LamarqueПрезидент Казахстана Нурсултан Назарбаев и президент США Дональд Трамп
Президент Казахстана Нурсултан Назарбаев и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон дар рафти мулоқот бо Доналд Трамп вайро ба муносибати бори нуҳум наберадор шуданаш муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарброев ва президенти Амрико Доналд Трамп дар рафти мулоқот дар Вашингтон шумораи наберагонашонро ҳисоб карданд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ Нурсултон Назарбоев Доналд Трампро ба муносибати таваллуди набераи дигар муборакбод гуфт.
"Ҷаноби президент, Шуморо ба муносибати таваллуди набераи навбатӣ муборакбод мегӯям, аммо мехоҳам қайд кунам, ки дар соли гузашта набераи 10-уми ман ба дунё омад",- гуфт Назарбоев.

Доналд Трамп ба ин суханони Назарбоев  "олиҷаноб" гӯён посух гуфт.

Нурсултон Назарбоев ва ҳамсараш Соро дорои се фарзанд, даҳ набера ва панҷ абера ҳастанд.

Доналд Трамп бошад, 5 фарзанд ва нӯҳ набера дорад. Мелана Трамп ҳамсари севумини ӯст.

Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳоло дар ИМА қарор дорад. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0