Дар Маскав патент барои муҳоҷирон 4000 рубл арзиш хоҳад дошт

© Sputnik / Кирилл КаллиниковМуҳоҷири корӣ сихкабоб мепазад. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷири корӣ сихкабоб мепазад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, аз ҳисоби муҳоҷирон даромади буҷа то 12 миллиард доллар ғанӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Арзиши моҳонаи патент дар Маскв барои муҳоҷирон чор ҳазор рублро ташкил медиҳад, менависад сомонаи Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахти Русия.

"Ҳазина ба молиёти (андози) шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирон баробар хоҳад буд ва ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ барои табааи кишвар муҳайё гардад",-афзуд Максим Решетников, вазири ҳукумати Маскав, ҳамзамон роҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахт.

Масъулини департамент изҳор медоранд, ки муҳоҷирати бе раводид ба дӯши сохторҳои коммуналӣ ва дигар бахшҳо бори зиёдатиро таҳвил медиҳад. Онҳо аз хидматрасонии маориф, тандурустӣ истифода карда, ҳеч як намуди андоз намесупоранд. Бинобар ин, аз ҳисоби рӯи кор омадани низоми нав 12 миллиард рубли иловагӣ ба буҷаи шаҳр ворид мегардад.

"Ин низом ба зиммаи муҳоҷирон хароҷоти иловагиеро, ки қаблан ба дӯши москвагиҳо ва дигар шаҳрвандони ФР, ки дар бахши фаъоли иқтисодӣ кор мекарданд, мегузорад ",- илова кард Решетников.

Тарзи гирифтани патент содда, шаффоф ва аниқ аст. Дар Маскав муассисаи вижа ба фаъолият пардохта, тамоми санадҳои марбутаро метавон дар як рӯз ва дар як идора дарёфт кард.

Шартҳои нав барои хориҷиён дар ФР - Sputnik Тоҷикистон
Шартҳои нав барои хориҷиён дар ФР

Аз 1 январи соли 2015 дар Русия ҷои квотаҳои кунунӣ барои муҳоҷирони хориҷиро патент мегирад. Аммо ин тағйирот танҳо барои ҷалби нирӯи кори хориҷӣ аз сӯи соҳибкорони инфиродӣ буда, корхонаҳову ширкатҳо бояд ҳамчунон иҷозатномаи кор бигиранд. Фақат муҳоҷирони хориҷие патент гирифта метавонанд, ки аснои убури марзи Русия дар корти муҳоҷират мақсади сафарашонро "кор" нишон дода бошанд.   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала