Барканории ду декани ДДК дар пайи ҳодисаи куштор

Обуна шудан
Ду донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб чанд рӯз қабл аснои тановули ғизои шом ба қатл расиданд.

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik.  Дар пайи куштори ду донишҷӯ дар шаҳри Кӯлоб, деканҳои ду факултаи ДДК  аз симматашон барканор шуданд, хабар медиҳад радиои Озодӣ.

Ба иттилои ин расона, ҳодисаи қатли донишҷӯёни ахири ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.

"Бо фармони раиси Донишгоҳ, деканҳои факултаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва таъриху ҳуқуқ аз симматашон барканор шуданд.Сабаби барканории Ҷамила Юлдошева, декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва Рӯзибек Боқиев, декани факултаи таъриху ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ кардан дар вазифаи хидматӣ ва кору назорат набурдан бо донишҷӯён мебошад",- менависад сомона бо истинод ба маъмурияти донишгоҳ.

Ба иттилои ВКД, шоми 21 ноябр ду донишҷӯи Донишгоҳи Давлати Кӯлоб дар утоқи иҷораашон аз сӯи як ҳамсабақи худ ба қатл расидаанд.Сарчашмаи хабар афзудааст, Амирхон Ҳотамов, донишҷӯи курси панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқ аз ноҳияи Темурмалик, Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров, донишҷӯёни соли савуми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии ҳамин донишгоҳро, ки аз маҳаллаи Даҳанаи Кӯлоб будаанд, бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, Амирхон Ҳотамов, гумонбари ҷиноят боздошт гардидааст. Ӯ гуноҳи худро пурра эътироф кардааст. Ҳатто кордеро, ки ду донишҷӯро бо он ба ҳалокат расонидааст худаш ба пулис нишон додааст. Тафтишоти пешакии ин қазия аз ҷониби кормандони милиса идома дорад.   

 

Лентаи хабарҳо
0