Дар Душанбе раиси парлумони Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон вомехӯрад

© wikipedia.orgАбдул Рауф Иброҳимӣ. Акс аз бойгонӣ
Абдул Рауф Иброҳимӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси парлумони Афғонистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд ва бо Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумони кишвар мулоқот мекунад.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. 3-юми декабр раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ бо сафари расмӣ ба   Тоҷикистон ташриф меорад, иттилоъ медиҳад сомонаи МН.

"Дар назар аст, Абдул Рауф Иброҳимӣ зимни сафари серӯзаи худ ба Тоҷикистон бо  Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ ва Шукурҷон Зуҳуров,  раиси Маҷлиси намояндагон, инчунин вазири адлияву вазири корҳои дохилии кишвар мулоқот анҷом диҳад", — қайд мекунад сарчашмаи хабар.  Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии  Афғонистон аз Неругоҳи барқи обии Норак, Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии «Пойтахт-90», инчунин  «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» низ боздид ба амал хоҳад овард.

Идомаи содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Тоҷикистон яке аз кишварҳои аслии содиркунандаи барқ ба Афғонистони ҳамсоя маҳсуб мегардад. Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон асосан аз барқи тавлидшуда дар неругоҳҳои обию барқии Сангтӯда-1 ва 2 тариқи хатти интиқоли 220 ва 110 кВ сурат мегирад. Моҳи октябри соли равон дар маҷмӯъ 46,9 миллион кВт соат барқ ба Афғонистон интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 2,7 миллион кВт камтар аст. Аз ҳаҷми умумии барқи тавлидии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4,5 дарсади он ба Афғонистон содир гардидааст.

Оқои Иброҳимӣ соли 2011 ба маснади раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон баргузида шуда, миллаташ ӯзбак мебошад.  Ӯ аъзои Ҷамъияти исломии Афғонистон (асосгузораш собиқ президенти ҶИА-Бурҳониддин Раббонӣ) ҳаст.

Лентаи хабарҳо
0