Фаъолшавии маркази чандрасонаии Sputnik дар Қирғизистон

© Sputnik Табылды КадырбековSputnik дар Қирғизистон маркази чандрасонаии худро ифтитоҳ кард
Sputnik дар Қирғизистон маркази чандрасонаии худро ифтитоҳ кард - Sputnik Тоҷикистон
Мӯҳтавои sputnik.kg дар асоси шаклҳои муосири чандрасонаӣ роҳандозӣ мешавад: инфографика, тасвир, гузоришҳои аксӣ, видео, эфирҳои мустақим, овоздиҳии интернетӣ ва ғайра. Илова бар ин, фаъолсозии барномаҳои корбурдӣ бо ду забон барои телефонҳои мобилӣ низ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Рӯзи чоршанбе дар Қирғизистон Sputnik бунгоҳи чандрасонаии худро фаъол кард. Дар марҳилаи аввал Sputnik дар Қирғизистон бо ду забон иттилоъ ва барномаҳои радиоӣ пахш хоҳад кард.

Sputnik дар Қирғизистон ҳеч як ҳодисаву воқеъаи муҳимро нодида намегирад: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш аз мавзӯҳои доимии нашрҳои хабарӣ ва барномаҳои радиоӣ хоҳанд буд.

Принсипи асосии Sputnik аснои пешниҳоди хабар ҳақиқатнигорӣ мебошад. "Мо ба ҷаҳониён нишон доданием, ки Қирғизистон як кишвари ояндадор бо имкониятҳи бузург аст",-гуфт Елена Череменина, роҳбари намояндагии Sputnik дар Қирғизистон.

"Ба наздикӣ Қирғизистон шомили Иттиҳоди гумрукӣ мешавад. Ин барои кишвар ояндаи бузурги иқтисодиро фароҳам меорад. Русия- ҳамкори стратегии Қирғизистон аст, аз ин рӯ Sputnik дар бораи воқеъияти рӯз нақл мекунад. Расонаи мо манбаъи асосӣ барои дарки рухдодҳои ҷумҳурӣ хоҳад шуд",- афзуд Череменина.

© Sputnik Амир ИсаевКонтент sputnik.kg формируется из инфографики, видео, фоторепортажей, онлайн-эфиров.
Контент sputnik.kg формируется из инфографики, видео, фоторепортажей, онлайн-эфиров. - Sputnik Тоҷикистон
Контент sputnik.kg формируется из инфографики, видео, фоторепортажей, онлайн-эфиров.

Мӯҳтавои sputnik.kg дар асоси шаклҳои муосири чандрасонаӣ роҳандозӣ мешавад: инфографика, тасвир, гузоришҳои аксӣ, видео, эфирҳои мустақим, овоздиҳии интернетӣ ва ғайра. Илова бар ин, фаъолсозии барномаҳои корбурдӣ бо ду забон барои телефонҳои мобилӣ низ дар назар аст. Дар баробари ин, зиёд шудани барномаҳои радиоӣ пешбинӣ мешавад.

Гурӯҳи расонаҳои Sputnik маркази матбуотии чандрасонаии худро дорад, ки барои сомонаҳо барномаҳои хоса таҳия мекунад ва ба мухотабони таҳҷоӣ барномаҳои радиоӣ пахш мекунад. Барномаҳои радиоӣ дар шаклҳои муосир: FM-диапазон, шаклҳои рақамии DAB/DAB, HD-Radio ва инчунин дар телефонҳои мобилву интернет пахш мешаванд.  Таҳти унвони (бренди) Sputnik ба забонҳои англисӣ, испанӣ, арабӣ ва чинӣ ба таври шабонарӯз ахбор пахш мешавад. Ба хотири пахши бетанаффуси ахбор дар Вашингтон, Қоҳира, Пекин ва Монтевидео бахшҳои минтақавӣ бо режими 24/7 кор мекунанд. Sputnik  дар соли 2015 бо 30 забон аз 130 шаҳр, дар 34 давлати ҷаҳон дар як шабонарӯз 800 соат  барнома пахш хоҳад кард. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала