Номзадҳо ба вакилӣ дар КМИР имтиҳони забони тоҷикӣ месупоранд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкИмтиҳонсупорӣ аз забон. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳонсупорӣ аз забон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони оянда тайи як соат бояд дар назди забоншиносон ва масъулини КМИР исбот намоянд, ки забони давлатиро комилан медонанд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Номзадҳо ба курсии палатаи поёнии парлумон ва аъзоёни палатаи болоӣ ба таври ҳатмӣ аз забони тоҷикӣ санҷиш хоҳанд супурд, менависад нашрияи "Вечёрка".

Онҳо муваззафанд, ки ҳолномаи худро бо забони тоҷикӣ нависанд, як саҳифаи матнро қироат намоянд ва бо забони тоҷикӣ озодона сӯҳбат кунанд. Барои ҳамаи ин як соат вақт ҷудо мешавад. Имтиҳон баъд аз панҷ рӯзи ироаи аснод дар бораи ба қайдгирии номзад баргузор мешавад ва он дар ҳузури намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиву забоншиносон доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол, КМИР мавзӯҳои сӯҳбатро тасдиқ кардааст.Номзадҳо доир ба Сарқонун (Конститутсия), истиқлоли кишвар, нишон ва рамзҳои давлатӣ, қаҳрамонони Тоҷикистон, Рӯзи истиқлол, Рӯзи Ваҳдат, аҳзоби сиёсӣ, масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд, танзими расму оин ва ҷашнҳо ва оид ба шаҳри Душанбе мусоҳиба хоҳанд кард.

Қайд мешавад, ки вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ низ чунин санҷишро месупоранд.

Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2015 таъйин шуда, интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» рӯзи 1 марти соли 2015 гузаронида мешавад. Замони интихоби аъзои палати болоӣ, ё Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли оянда таъйин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0