Истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сирки мексикоӣ манъ гардид

© Flickr / Paula LivelyФил дар саҳнаи сирк. Акс аз бойгонӣ
Фил дар саҳнаи сирк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Амрикои Лотинӣ дар чорчӯби қонунгузорӣ муборизаро барои ҳимояи ҳуқуқи ҳайвоноти ваҳшӣ афзоиш медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Парлумони Мексика истифода даррандаҳоро дар намоишҳои сиркии саросари кишвар манъ кард, менависад РИА Новости.

Як чунин қонун рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон ба тасвиб расид. Вакилони парлумон барои риоя накардани меъёри ин қонун дар ҳаҷми 225 ҳазор доллар муҷозот пешбинӣ кардаанд.

Тибқи маълумоти коршиносон, ин санад ба 600 сирк дар қаламрави мамлакат дахл мекунад, зеро дар он муассисаҳо то ҳанӯз истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ роиҷ аст.

Дар иёлатҳои Чиуауа, Колима, Морелос, Керетаро, Кинтана-Роо, Герреро ва округи федеративии Мехико ин қонун барвақттар татбиқ гардида буд.

Мубориза барои ҳимояи ҳуқуқи даррандаҳо дар кишварҳои Америкаи Лотинӣ вақтҳои ахир рӯ ба афзоиш аст. Таври мисол, дар Салвадор, Никарагуа, Коста-Рика, Боливия, Бразилия, Перу, Парагвай ва Колумбия истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ дар намоишҳои сиркӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ табу эълон гардидааст. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала