Боинги “Сомон Эйр” дар Красноярск нишасти садамавӣ анҷом дод

© wikimedia.orgҲавопаймои Somon Air. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Somon Air. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баъди фуруди ҳавопаймо дар истгоҳ худ аз худ ба қафо рафта, яке аз “таҷҳизоти худкор”-и он корношоям шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. «Боинг737-300», мутааллиқ ба ширкати тоҷикии "Сомон Эйр" дар фурудгоҳи "Емеляново" бо 36 мусофир ба садама дуҷор шуд, менависад сомонаи додситонии нақлиётии минтақаи Сибири ғарбӣ.

Соати 4-и субҳ, 14-уми декабр дар фурудгоҳи «Емельяново»-и Красноярск «Боинг 737-300», мутааллиқ ба ширкати "Сомон Эйр" бо 36 мусофир  фуруд омад.

"Баъди нишастан ҳавопаймо дар истгоҳ худ аз худ ба қафо рафта, яке аз "таҷҳизотҳои худкор"- он корношоям шудааст"-омадааст дар хабар.

Дар мақомоти прокуратураи Красноярск гуфтаанд, мусофирони ҳавопаймои Тоҷикистон, ки мебоист соати 5:30 сафар мекарданд, бо воситаи ҳавопаймои ширкатҳои русӣ парвоз кардаанд.

Мақомоти прокуратура қазияро мавриди санҷиш қарор дода, дар назар аст риояи қонунгузории амнияти парвозҳоро дар ин ширкат тафтиш кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала